Идомаи барфрезӣ дар минтақаҳо ва борон дар Душанбе

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабонарӯзи дуюм аст, ки беист барф меборад. Дар шаҳри Хоруғ ва деҳаҳои гирду атрофи он баландии қабати барфи борида аллакай қариб ба ним метр расидааст. Бино ба иттилои расида аз сокинони ин маҳалҳо, боришот нимаи дуюми рӯзи 7 январ оғоз гардида, то ҳол қатъ намегардад. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, барфрезӣ дар […]

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабонарӯзи дуюм аст, ки беист барф меборад. Дар шаҳри Хоруғ ва деҳаҳои гирду атрофи он баландии қабати барфи борида аллакай қариб ба ним метр расидааст.

Бино ба иттилои расида аз сокинони ин маҳалҳо, боришот нимаи дуюми рӯзи 7 январ оғоз гардида, то ҳол қатъ намегардад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, барфрезӣ дар шаҳри Хоруғ имшаб ҳам идома ёфта, танҳо рӯзи дигар қатъ мегардад.

Дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ барф борида истодааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ашт рӯзи дуюм аст, ки барфи тар меборад ва роҳҳо ҳам ба самти шимолу ҳам ҷануб пур аз барфтӯдаҳоянд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 10 то 11 январ дар саросари кишвар обуҳавои ноустувор ва боришот, баъзан боришоти шадид дар назар аст.

То 11 январ дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Тавсия мешавад, ки дар роҳҳои кӯҳистон ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ риояи масофаи на камтар аз 500 метр байни воситаҳои нақлиёт зарур аст.

Дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар робита ба боришоти зиёд, рух додани ҳодисаҳои барфрезии ниҳоят зиёд, яхбандии баъзе қитъаҳо ва хатари тармафароиҳо имкон дорад.

Пагоҳ дар Душанбе обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона каме борон меборад. Рӯзона обуҳавои бебориш ва фаромадани туман пешгӯи мешавад. Ҳарорат рӯзона то 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.