Ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои мошингард

Бар асари боришоти пайдарпайи шадид дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон хатари фаромадани тарма ва сангрезаву кӯҳпораҳо вуҷуд дорад. Вазъ бештар дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Сангвор ва Хоруғ – Ишкошим душвор аст. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнону Ишкошими ВМКБ, ҳамчунин ноҳияи Сангвор ҳолатҳои фаромадани тармаву сангреза ва кӯҳпораҳо ба қайд гирифта шуданд, хабар дод […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асари боришоти пайдарпайи шадид дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон хатари фаромадани тарма ва сангрезаву кӯҳпораҳо вуҷуд дорад. Вазъ бештар дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Сангвор ва Хоруғ – Ишкошим душвор аст.

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнону Ишкошими ВМКБ, ҳамчунин ноҳияи Сангвор ҳолатҳои фаромадани тармаву сангреза ва кӯҳпораҳо ба қайд гирифта шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиии назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Барои тозакунии роҳ аз ҷониби хадамоти истифодаи роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ техникаи махсус сафарбар шудааст.

Барфрезиҳои шадиди шабонарӯзи охир ба резиши сангу кӯҳпора дар километри 282-юми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ боис гардид: ин ҳодиса дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух дод.

Барои анҷоми корҳои махсуси тозакунии роҳ аз барфрезаву сангу кӯҳпора ҳаракат дар ин қитъаи роҳи мазкур муваққатан қатъ шуд.

Барои корҳои тозакунии роҳ 4 адад техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, ҳамчунин дастаи зудамали наҷотдиҳандагони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафарбар шуданд.

Дар се мавзеи ин қитъаи роҳ ярчу сангпора рехта, дарозии кӯҳпораи бузургтарин қариб 100 метрро ташкил медиҳад ва ҳудуди 2 ҳазор метри мукааб сангу лой ба роҳ рехт.

Қарибиҳои шаб роҳсозон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда корҳои тозакунии роҳро ба анҷом расонида, ҳаракати нақлиётро дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ барқарор намуданд.

Ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаи нақлиёт ва амнияти ронандагон, ҳамчунин кумак дар ҳолатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳ мунтазам зери назорати наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали КҲФ қарор доранд.

Дар ин робита, Кумита бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки эҳтиёткориву ҳушёриро аз даст надода, мувофиқи имкон аз сафар ва истифодаи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои дорои хатари фаромадани тарма ва сангрезаҳо худдорӣ намоянд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани вазъи фавқулода ё рух додани ягон ҳодисаи нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии КҲФ муроҷиат намоянд: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.