Даргузашти охирин раиси Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ

Date:

Охирин раиси Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Анатолий Лукянов дар шаҳри Москва дар натиҷаи бемории вазнин даргузашт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора духтари Лукянов – Елена ба хабаргузории РБК иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, Анатолий Лукянов 88 сол дошт. Ӯ соли 1930 дар Смоленск ба дунё омадааст. Соли 1943 корро дар корхонаи дифоӣ оғоз карда, соли 1953 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намуд. Баъд аз хатми донишгоҳ дар ниҳодҳои гуногуни ҳукуматӣ фаъолият дошта, соли 1961 дар дастгоҳи Шӯрои олии СССР корро оғоз кард.

Лукянов соли 1990, пас аз президенти СССР интихоб шудани Михаил Горбачев раисии Шӯрои олиро бар зимма гирифт. Ӯ соли 1991 дар ташкили ГКЧП ё ошӯби зидди Горбачев иштирок дошт ва баъди он боздошт шуд.

Соли 1994 ӯро авф карданд. Лукянов пас аз озодии худ, солҳои 1994-2000 дар Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Русия кор кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...