Кормандони “Тоҷик Эйр” ба рухсатии бемузд рафтанд

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. “Қарори ба рухсатии бемузд фиристодани кормандон бо мақсади ҳарҷӣ бештар кам шудани хароҷот дар ин “давраи барои ширкат мушкил” қабул шуд”, – изҳор намуд ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ширкат Азиз Хайруллоев. Бино ба гуфтаи ӯ, “ояндаи наздик мо дар фаъолияти ширкат тағйироти куллӣ ва […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод.

“Қарори ба рухсатии бемузд фиристодани кормандон бо мақсади ҳарҷӣ бештар кам шудани хароҷот дар ин “давраи барои ширкат мушкил” қабул шуд”, – изҳор намуд ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ширкат Азиз Хайруллоев.

Бино ба гуфтаи ӯ, “ояндаи наздик мо дар фаъолияти ширкат тағйироти куллӣ ва минбаъд беҳбуди вазъу бозгашти ҳайати шахсӣ ба ҷойҳои кориро интизорем”.

Хайруллоев мегӯяд, танҳо он кормандоне ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд, ки дар робита ба боздошти парвоз дар хатсайрҳо бекор мондаанд.

“Роҳбаладон (стюардесса) ва халабонҳо ва кормандони дигар шуъбаҳо, ки муваққатан бекор монданд, ба рухсатӣ фиристода шуда, дафтари асосии кории ширкат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад”, – хабар дод ӯ.

Зимнан хотиррасон шуд, ки парвоз бо хатсайрҳои ширкатро ба самти Русия “Сомон Эйр” анҷом дода, парвозҳо тариқи дигар хатсайрҳо муваққатан мутаваққиф шудаанд.

“Ният дорем, ки рӯзи 15 январ парвозро тариқи хатсайри Душанбе – Деҳлӣ ба иҷро расонем, дигар парвозҳо ба кишварҳои хориҷӣ боздошта шуда, парвоз бо хатсайри Душанбе –Хуҷанд низ муваққатан иҷро намешавад”, – гуфт Хайруллоев.

Ҳамчунин зикр шуд, ки қарзи ширкат назди кормандон аз музди меҳнат начандон зиёд буда, ҳамаи овозаҳо дар бораи ба кормандон муддати чанд моҳ пардохт нашудани маошашон асоси воқеӣ надорад.

“Дар ин давраи мушкили молиявӣ шояд ба чанде кормандон мо маош пардохт карда натавониста бошем, лекин ширкат бо ҳама ҳатман ҳисобаробарӣ хоҳад кард”, – изҳор намуд сухангӯи ширкат.

Аз ширкат ҳамчунин хабар доданд, ки таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода комиссияи махсус таъсис ёфтааст, ки вазъро омӯхта, фаъолияти молиявии ширкатро месанҷад ва дар бораи тақдири минбаъдаи он қарор қабул хоҳад кард.

“Умедворем, ки ояндаи наздик вазъ рӯ ба беҳбудӣ оварда, мо боз ба анчоми парвозҳо бо хатсайрҳои амалкунанда идома медиҳем. Барои нороҳатиҳо аз мусофирон самимона узр мепурсем”, – илова кард Азиз Хайруллоев.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.