Боздошти тоҷикистонии фирорӣ дар фурудгоҳи Ереван

Дар шаҳри Ереван шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои фирор мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт шуд, хабар медиҳад мақомоти пулиси Арманистон. Гуфта мешавад, Р.Рустами 23-сола рӯзи 7 январ дар фурудгоҳи “Зватрнос” пас аз ба замин нишастани ҳавопаймои хатсайри Сочи – Ереван боздошт шудааст. “Аз 27 январи соли 2016 ӯ аз ҷониби Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Қғрғонтеппа […]

Дар шаҳри Ереван шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои фирор мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт шуд, хабар медиҳад мақомоти пулиси Арманистон.

Гуфта мешавад, Р.Рустами 23-сола рӯзи 7 январ дар фурудгоҳи “Зватрнос” пас аз ба замин нишастани ҳавопаймои хатсайри Сочи – Ереван боздошт шудааст.

“Аз 27 январи соли 2016 ӯ аз ҷониби Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Қғрғонтеппа (феълан Бохтар) ба иттиҳоми содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 375, қисми 3 Кодекси ҷиноятиии ҶТ (Фирор бо яроқе, ки дар ҷои хизмат бовар карда супурда шудааст, инчунин фирор аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил содир шуда бошад) мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад”, – қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти пулиси Арманистон.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки рӯзи 3 январ дар ҳамин фурудгоҳ шаҳрванди Русия боздошт шудааст, ки мавриди ҷустуҷӯи ВКД Тоҷикистон қарор доштааст.

Таҳмина С. моҳи сентябри соли 2018 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар хариду фурӯши одамон мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд, зикр мегардад дар хабар.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.