Курдҳои Сурия омодаанд, ки ҷангиёни асири Давлати исломиро ба Тоҷикистон диҳанд

Курдҳои Сурия беш аз ҳазор нафар ҷангиёни Давлати исломиро дар асорат нигоҳ дошта, омодаанд, ки онҳоро ба ихтиёри кишварҳояшон супоранд, лекин аксарияти давлатҳо ба гирифтани онҳо шитоб надоранд, хабар додааст ба РИА Новости намояндаи Курдистони Сурия дар Маскав Ршад Биенаф. “Беш аз ҳазор ҷангиёни Давлати исломӣ қариб аз 40 кишвари дунё дар асорати мо ҳастанд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Курдҳои Сурия беш аз ҳазор нафар ҷангиёни Давлати исломиро дар асорат нигоҳ дошта, омодаанд, ки онҳоро ба ихтиёри кишварҳояшон супоранд, лекин аксарияти давлатҳо ба гирифтани онҳо шитоб надоранд, хабар додааст ба РИА Новости намояндаи Курдистони Сурия дар Маскав Ршад Биенаф.

“Беш аз ҳазор ҷангиёни Давлати исломӣ қариб аз 40 кишвари дунё дар асорати мо ҳастанд. Ғайр аз ин, ин ҷо занон ҳам ҳастанд, ки ҳамроҳи онҳо бо оилаашон омадаанд. Шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳам ҳузур доранд. Мо ба бисёре аз кишварҳо муроҷиат кардем, ки шаҳрвандонашонро гирифта, ҷазо диҳанд, лекин танҳо баъзе кишварҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Онҳо шаҳрвандони худро гирифтанд. Боқимонда ҳеҷ посухе надоданд”, – изҳор доштааст Биенаф дар мусоҳиба ба РИА Новости.

Гуфта мешавад, ҷангиёни “худ”-ро чанде аз кишварҳои африқоӣ гирифта, тасмим гирифтанд, ки инро ба маърази умум нагузоранд. Ҳамчунин Русия низ кӯдакон ва занони ҷангиёнро гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, муроҷиати курдҳои Сурия бобати аз ҷониби Тоҷикистон гирифтани шаҳрвандони худ – ҷангиёни Давлати исломӣ ба Душанбеи расмӣ нарасидааст.

Моҳи ноябри соли гузашта собиқ муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров зимни суханронӣ дар музокироти парлумонӣ хабар дода буд, ки 1899 нафар  шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои Давлати исломӣ меҷанганд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.