Ҳудуди 80% дар Тоҷикистон дар бахшҳои маошашон паст кор мекунанд

Қариб 98% аз шумораи умумии аҳолии коршоями кишвар дар иқтисод машғули кор буда, ҳудуди 52 ҳазор нафар расман дорои мақоми бекорӣ мебошанд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар сохтори коргарон аз лиҳози навъҳои фаъолияти иқтисодӣ 45% – ба бахши кишоварзӣ, 20,1% – ба соҳаи маориф ва 9,5% – ба соҳаи тандурустӣ рост […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қариб 98% аз шумораи умумии аҳолии коршоями кишвар дар иқтисод машғули кор буда, ҳудуди 52 ҳазор нафар расман дорои мақоми бекорӣ мебошанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар сохтори коргарон аз лиҳози навъҳои фаъолияти иқтисодӣ 45% – ба бахши кишоварзӣ, 20,1% – ба соҳаи маориф ва 9,5% – ба соҳаи тандурустӣ рост меояд.

Дар саноати коркард – 4,8%, идоракунии давлатӣ ва мудофиа – 3,9%, сохтмон – 2,9%, нақлиёту савдо – 2%-ӣ ва миёнаравии молиявӣ – 1,5% машғули коранд.

Дар ҳамин ҳол, маҳз дар бахши кишоварзӣ, соҳаи тандурустӣ ва маориф маошҳои аз ҳама пасттарин ба қайд гирифта шудааст: музди меҳнати миёна дар бахши кишоварзӣ – 617 сомонӣ (65 доллар), тандурустӣ – 817 сомонӣ (86 доллар) ва маориф – 933 сомонӣ (99 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маоши аз ҳама зиёдтарро кормандони бахши миёнаравии молиявӣ (бонку дигар ташкилотҳои қарзӣ) – 3 ҳазору 520 сомонӣ (374 доллар), сохтмон – 2 ҳазору 605 сомонӣ (276 доллар) ва саноати истихроҷи кӯҳӣ – 2 ҳазору 488 сомонӣ (264 доллар) мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар кишвар 1 ҳазору 324 сомонӣ (140 долллар)-ро ташкил медиҳад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.