Тоҷикистон бе кумаки беруна буҷети соли 2018-ро барзиёд иҷро кард

Ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар шуд, ки нақшаи даромад ба буҷети давлатиро дар соли гузашта барзиёд иҷро намояд. Аз нақшаи пешбинишуда ба буҷет 70 млн. сомонӣ (наздики 7,5 млн. доллар) иловагӣ маблағ ворид шуд. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, соли 2018 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 23,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар шуд, ки нақшаи даромад ба буҷети давлатиро дар соли гузашта барзиёд иҷро намояд. Аз нақшаи пешбинишуда ба буҷет 70 млн. сомонӣ (наздики 7,5 млн. доллар) иловагӣ маблағ ворид шуд.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, соли 2018 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 23,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда ба андозаи 0,3% зиёдтар аст.

Даромадҳо аз пардохти андоз дар соли гузашта наздики 15 млрд. сомониро ташкил доданд, ки ба ҳудуди 65% аз ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷет баробар аст.

Дар муқоиса бо соли 2017 соли гузашта ҳаҷми ҷамъоварии андоз аз даромад, андоз аз фоида, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонкиҷаҳонӣ оид ба иқтисоди Тоҷикистон қайд мешавад, ки соли гузашта камбуди воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷарима ва ҷаримаҳои аҳдшиканӣ (пеня)-ҳои ситонида дар ҷараёни санҷишҳои сайёри соҳаи тиҷорат рӯйпӯш мешуданд.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр мегардад, ки соли гузашта Тоҷикистон маъмулан чун солҳои пешин барои дастгирии буҷети давлатӣ грантҳо нагирифт.

“Ҳамаи шарикони рушд барномаҳои дастгирии буҷетиро то замони тавофуқ ҳосил кардани ҳукумат бо Хазинаи байнулмилалии асъор мавқуф гузоштанд”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.