Ҳукми писари генерале, ки ҳамсарашро кушта буд, бетағйир монд

Суди олии Тоҷикистон шикояти таҷдиди назари Бобоҷон Шириновро, ки ҳамсарашро бо бераҳмии махсус ба қатл расонид, аз болои ҳукми суди шаҳри Душанбе бетағйир боқӣ гузошт. Тавре ба “Азия-Плюс” пайвандону наздикони марҳум Ятимоваи кушташуда хабар доданд, суд шикояти Бобоҷон Шириновро рад намудааст. Санаи 1 ноябри соли равон Суди шаҳри Душанбе Бобоҷон Шириновро, ки тобистони ҳамин сол […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон шикояти таҷдиди назари Бобоҷон Шириновро, ки ҳамсарашро бо бераҳмии махсус ба қатл расонид, аз болои ҳукми суди шаҳри Душанбе бетағйир боқӣ гузошт.

Тавре ба “Азия-Плюс” пайвандону наздикони марҳум Ятимоваи кушташуда хабар доданд, суд шикояти Бобоҷон Шириновро рад намудааст.

Санаи 1 ноябри соли равон Суди шаҳри Душанбе Бобоҷон Шириновро, ки тобистони ҳамин сол собиқ ҳамсари худ Моҳира Ятимоваро бераҳмона кушта буд, ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов таъини ҷазои 20 соли зиндонро дархост намуда буд.

Ширинов ва адвокати ӯ дар шикояти худ, ки ба ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди олии ҷумҳурӣ фиристода шуд, ҳукми суди шаҳри Душанберо сахту вазнин ва беадолатона шуморидаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти судии Тоҷикистон.

Зимни сухани охирини худ дар мурофиа Ширинов аз суд дархост намуда буд, ки дар ҳолати бехудона (аффект) содир кардани ҷиноят ба инобат гирифта шавад. Дар ҷараёни тафтишот айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, лекин дар мурофиаи судӣ бо ишораи аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо, худро қисман гунаҳкор шуморид, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, моҳи июни соли гузашта ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.

Шоми рӯзи 6 июн зимни муноқишаи рухдода Ширинов ба ҳамсараш дарафтода, бо корд ба ӯ чанд зарба зад. Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарони соли 2016 аз ҳамдигар ҷудошуда тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.