Заробиддин Файзуллозода вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъйин гардид

Имрӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Бобозода аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нав озод ва ба ҷойи ӯ Заробиддин Файзуллозода, ки то ин замон дар вазифаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, таъйин карда шуд. Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки муовинони вазири саноат ва технологияҳои нав Саъдулло Гардуллозода […]

Asia-Plus

Имрӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Бобозода аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нав озод ва ба ҷойи ӯ Заробиддин Файзуллозода, ки то ин замон дар вазифаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, таъйин карда шуд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки муовинони вазири саноат ва технологияҳои нав Саъдулло Гардуллозода ва Акрам Ҳамроқул низ аз вазифа озод карда шуданд.

Сомонаи расмии Сарвари давлат хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди натиҷагирӣ аз камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ дар баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои Айнию Деваштичи вилояти Суғд, шаҳри Роғун, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин дигар сохторҳои давлатӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва муовинони вазорати саноат ва технологияҳои нав, сардор ва муовинони Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини вазири молия, раиси шаҳри Роғун, раисони ноҳияҳои Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд, раиси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифаҳо таъин гардиданд.

Маълумотнома: Файзуллозода Заробиддин Қудрат 13 феврали 1965 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси нафту газ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1987 ҳамчун ёрдамчии пармагари дараҷаи III сохтмони асосии Идораи коркарди нафти «Ҷаркурганнефт» оғоз намуда, минбаъд то соли 1997 дар вазифаҳои ёрдамчии пармагари дараҷаи IV, Ёрдамчии пармагари дараҷаи V, устои бригада дар иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнафт», устои қитъаи сохтмонии Раёсати Сохтмонии  «Монолит-3», Сардори сехи қолибгарии кооперативи истеҳсолии «СН» дар назди заводи конструксияҳои оҳану бетонии №3, Нозири техникии кӯҳии дараҷаи I дар ташкилотҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва саноати коркарди нафту газ, сардори нозироти техникии кӯҳии байнивилоятӣ доир ба назорат дар ташкилотҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва саноати коркарди нафту гази Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2000 то соли 2017 дар вазифаҳои муовин ва муовини аввали Раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз соли 2017 то соли 2019 дар вазифаи Сардори Саридораи  геологияи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2018, № 1191 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.