Масъалаи гарон шудани нархи сим-кортҳоро гуруҳи корӣ омӯхта истодааст ва бо эҳтимоли зиёд, ҳоло нархи онҳо тағйир намеёбад.
Дар ин бора имрӯз роҳбари Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода иттилоъ дод.
“Вақте гуруҳи корӣ, ки ин масъаларо ҳамаҷониба омӯхта истодааст, хулосаи худро ироа мекунад, пасон мо метавонем расман иброз намоем, ки нархи сим-кортҳо гарон мешавад ё не”,-гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 сентябри соли 2018 нархи сим-кортҳо бояд ба 250 сомонӣ (26 доллар) баробар мешуд.
Он замон, пас аз шикоятҳои зиёд ва нашри мақолаҳо дар ВАО, ба ин масъала Президенти кишвар дахолат намуд ва дар ҷаласаи ҳукумат супориш дод, ки то 1 январи соли 2019 татбиқи ин қарор боздошта шавад.
Ҳоло нархи сим-кортҳо мисли пешин боқӣ мондааст: ширкатҳои мобилӣ хулосаи гуруҳи кориро интизоранд.
Ғайр аз ин, Қодирзода ситонидани маблағ дар терминалҳо барои пардохти хизматрасониҳоро низ шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки ин кор ғайриқонунӣ аст.
“Тавре қаблан гуфта будам, Хадамоти зиддиинҳисорӣ нисбати ширкатҳое, ки берун аз доираи қонун амал карда, барои пардохти хизматрасониҳо маблағ меситонанд, чораҷӯйӣ менамояд”,-зикр намуд Қодирзода.
Дар Хадамоти зиддинҳисорӣ шарҳ доданд, ки тибқи банди “Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои электронии алоқа ва хизматрасонӣ, бо онҳо алоқаманд” ҳангоми интиқоли маблағ ба суратҳисоби истифодабаранда, аз маблағи воридкарда фоиз ситонида намешавад.
Аммо ин талабот аз ҷониби бисёре аз ширкатҳое, ки хизматрасониҳои пардохтиро ба роҳ мондаанд, риоя карда намешавад. Дар терминалҳо барои пардохти хизматрасониҳоро маблағ меситонанд.


