Русия барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик беш аз 630 квота ҷудо кард

Дар муқоиса бо соли хониши гузашта дар соли хониши 2019-2020 квотаҳоои Русия ба довталабони Тоҷикистон аз 618 то ба беш аз 630 адад зиёд шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил Вождаев. Бино ба гуфтаи ӯ, ин шумор квотаҳои таҳсил барои Тоҷикистон аз ҳама зиёдтарин байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил […]

Нигора Фазлиддин, Asia-Plus

Дар муқоиса бо соли хониши гузашта дар соли хониши 2019-2020 квотаҳоои Русия ба довталабони Тоҷикистон аз 618 то ба беш аз 630 адад зиёд шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил Вождаев.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин шумор квотаҳои таҳсил барои Тоҷикистон аз ҳама зиёдтарин байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Номбурда мегӯяд, аз шумори зиёда аз 20 ҳазор донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки тибқи барномаҳои гуногун дар Русия мехонанд, аксарият аз ҳисоби буҷет таҳсил дошта, квотаҳои Россотрудничество аз ин шумор ҳамагӣ 10%-ро ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр шуд, ки дар Маркази илму фарҳанги Русия (Россотрудничество) дар Тоҷикистон бақайдгирии шаҳрвандони кишвар ҷиҳати иштирок дар озмоишҳои интихобӣ барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия дар соли хониши 2019/2020 оғоз гардид.

“Бақайдгирӣ аз 21 январ шурӯъ ва то 21 феврали соли ҷорӣ идома ёфта, дар ин давра мебояд дар портали www.RUSSIA.STUDY худро ба қайд гузошт. Ҳамчунин нусхаҳои тамоми ҳуҷҷатҳои дар номгӯи талабот зикршуда, ишораи интихоби ҳатмии ихтисос ва донишгоҳ зарур аст”, – қайд кард ӯ.

Озмоишҳои даври интихобӣ аз рӯи дархостҳо санаи 22 феврал дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, рӯзи 24 феврал дар Душанбе ва пас аз як ҳафта дар шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ гузаронида мешаванд.

“Зимни ба суҳбат ҳозир шудан довталабро лозим аст, ки ҳуҷҷатҳои ҳамаи дастовардҳояшро давоми таҳсил бо худ орад. Ғайр аз ин, довталаб бояд дорои имконоти хуби робита бошад, то ки натанҳо ба саволҳо посух диҳад, балки ба азхудкунии барномаи таҳсил дар мактаби олии Русия низ қодир бошад”, – илова кард Вождаев.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.