Шумори сокинони Душанбе беш аз 162 ҳазор нафар меафзояд

Баъди васеъ шудани шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳия Рӯдакӣ, шумори сокинони пойтахт 162 ҳазору 400 нафар – миқдори аҳолии иқоматдошта дар ин қаламрави ноҳия меафзояд, изҳор дошт муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотии санаи 31 январ. “Айни замон ҷараёни ба тавозуни шаҳри Душанбе супурдани тамоми зербинои қаламрави пешбинишудаи ноҳия оғоз […]

Щайдар Шодиев, Asia-Plus

Баъди васеъ шудани шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳия Рӯдакӣ, шумори сокинони пойтахт 162 ҳазору 400 нафар – миқдори аҳолии иқоматдошта дар ин қаламрави ноҳия меафзояд, изҳор дошт муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотии санаи 31 январ.

“Айни замон ҷараёни ба тавозуни шаҳри Душанбе супурдани тамоми зербинои қаламрави пешбинишудаи ноҳия оғоз гардид. Тибқи қарори вакилони маҳаллӣ, қисмати зиёди заминҳои ҷамоатҳои Чимтеппа, Сарикиштӣ, Россия, Гулистон, Чортеппа ва Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави Душанбе мегузаранд. Дар ин ҷамоатҳо беш аз 162 ҳазору 400 нафар зиндагӣ доранд”, – гуфт Зувайдзода.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи муовини аввали раиси пойтахт, қаламрави шаҳри Душанбе ба андозаи 7 ҳазору 659,25 гектар афзуда, масоҳати умумии шаҳри Душанбе 20 ҳазору 318 гектарро ташкил медиҳад.

“Минбаъд қаламрави пойтахт то соли 2040 – ба масоҳати 25 ҳазор ва пас аз соли 2040 – ба андозаи боз 30 ҳазор гектар васеъ мешавад”, – илова намуд ӯ.

Дар робита ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ муовини аввали раиси пойтахт қайд кард, ки соли 2018 аз ҳисоби ба истифода додани корхонаҳои нав ва афзудани имконоти иқтидорҳои мавҷуда, 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, ба ҳолати моҳи июли соли 2017 шумори аҳолии доимии шаҳри Душанбе 820 ҳазору 600 нафарро ташкил дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио