Пардохти ҳатмӣ барои сохтмони манзил дар Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» таҳия ва ба баррасии парлумон пешниҳод кард. Мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда минбаъд ширкатҳои машғул ба сохтмони манзил ва нуқтаҳои фурӯш дар қаламрави Душанбе барои гирифтани иҷозатномаи ҳукуматдорони шаҳр хироҷ хоҳанд супурд, ки меъёри онро ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ мекунад. Ширкатҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» таҳия ва ба баррасии парлумон пешниҳод кард.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда минбаъд ширкатҳои машғул ба сохтмони манзил ва нуқтаҳои фурӯш дар қаламрави Душанбе барои гирифтани иҷозатномаи ҳукуматдорони шаҳр хироҷ хоҳанд супурд, ки меъёри онро ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ мекунад.

Ширкатҳои машғул ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва нуқтаҳои фурӯш дар пойтахт то ҳол чунин хироҷ пардохт намекарданд.

Ин воситаҳо ба суратҳисоби махсуси ҳукуматдорони пойтахт гузаронида мешаванд, ки онро бо ин мақсад Вазорати молияи Тоҷикистон боз мекунад.

Корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ аз пардохти ин хироҷ озод карда мешаванд.

Мувофиқи  меъёрҳои амалкунандаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, айни замон дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет иборатанд аз:

– -хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурудгоҳҳои ҳавоӣ;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ;

– хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад;

– хироҷи консулӣ;

– хироҷ барои гузоштани апостил; (ҚҶТ аз 23.11.2015, №1250);

– хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– хироҷи иҷозатномадиҳӣ;

– пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад;

– пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ;

– пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ; (қҷт. 19.03.2013, №948, сохтмони манзил ин ҷо дохил набуд)

– пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он;

– пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;

– пардохт барои истифодаи ҷангал;

– пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот;

– пардохти иҷозатнмадиҳӣ ба истифодаи воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша;

– пардохт аз фоидаи соф;

 – пардохт барои суғуртаи ҳатмӣ;

– пардохт барои маркаҳои аксизӣ;

– пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва нозироти савдо;

– пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ;

– пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд;

– пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1368);

– хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ;

– хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм;

– пардохт барои ҷойгир намудани рекламаи берунӣ;

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио