Шарҳи муқаррароти мораторияи санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ ба вакилон

Date:

Вакилони парлумони Тоҷикистон имрӯз ба қонун «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» тағйирот ворид намуданд.

Тағйироту иловаҳои қабулшуда манъи дусолаи санҷиши субъектҳои соҳибкориро дар соҳаи истеҳсолот қонунӣ карданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, муддати ду сол фаъолияти истеҳсолкунандагон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук санҷида намешавад, изҳор дошт дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва илорраи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода.

Бино ба гуфтаи ӯ, санҷиши субъектҳои зикршуда танҳо дар ҳолати аз ҷониби истеъмолгарон ворид шудани арзу шикоят оид ба поймолкунии ҳуқуқи онҳо сурат мегирад. Дар бораи кадом ҳуқуқҳо сухан меравад, маълумот дода нашуд.

Мувофиқи санад, моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолот то 1 январи соли 2021 амал мекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири соли гузашта  зимни ироаи паём ба парлумон, қайд кард, ки соли 2017 ҷиҳати бартараф намудани санҷишҳои беасос ва такрорӣ, ҳамчунин фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ муддати 2 сол ба ҳама гуна навъҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот моратория эълон шуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба фаъолияти ҳудуди 2 ҳазор адад субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ таъсири мусбат расонид.

Дар шарҳи муқаррароти фармони соли гузаштаи президент зикр мегардад, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...