Ба қаблан маҳкумшудагон дар Тоҷикистон роҳ ба хизмати давлатӣ баста аст

Минбаъд дар Тоҷикистон касоне, ки қаблан барои дидаву дониста содир намудани ин ё он ҷиноят маҳкум шудаанд, ба хизмати давлатӣ ба кор қабул намешаванд. Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” қабул кард. Дар ҷаласаи парлумон роҳбари Агентии хизмати давлатии назди президент Ҷумъа Давлатов дар ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Минбаъд дар Тоҷикистон касоне, ки қаблан барои дидаву дониста содир намудани ин ё он ҷиноят маҳкум шудаанд, ба хизмати давлатӣ ба кор қабул намешаванд.

Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” қабул кард.

Дар ҷаласаи парлумон роҳбари Агентии хизмати давлатии назди президент Ҷумъа Давлатов дар ин робита изҳор намуд, ки дар тағйироту иловаҳо манъи қабули шахсоне, ки қаблан дидаву дониста ин ё он ҷиноятро содир намуда, маҳкум шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин тағйирот ба шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, аз ҷумла садамаи нақлиёт, куштани одам аз беэҳтиётӣ, дахл нахоҳанд дошт.

Тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии ҷумҳурӣ, айни замон наздики 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон хизматчиёни давлатӣ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 чунин тағйирот ба қонун “Дар бораи адвокатура” низ қабул шуда буд. Мувофиқи он, шахси маҳкумшуда барои содир намудани ҷиноят, ки аз мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати ҳарбӣ барои риоя накардани савганди касбӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ аз кор озод шудааст, наметавонад ба фаъолияти адвокатӣ машғул шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.