Дар намоишгоҳи Беларус дар Душанбе молу маҳсулоти наздики 150 ширкати ин кишвар ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Сифати хуби техникаи кишоварзии истеҳсоли Беларус
Дар майдони назди бинои намоишгоҳ дар толори хурде ҳунармандони беларусӣ барномаи начандон доманадори фарҳангӣ намоиш доданд. Дар идома техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, автомобилҳо ва техникаи сохтмон гузошта шудааст. Ҳамчунин намунаҳои маҳсулоти корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – трактор, ядакҳо (прицеп) ва агрегатҳои кишоварзӣ низ мавҷуданд.
Мактабҳои олии Беларус донишҷӯёни тоҷикро интизоранд
Гӯшаҳои асосии намоишгоҳ дар дохили бино (Манеж) ҷойгир шудааст. Дар намоишгоҳ имконоти таҳсил ва машғул шудан ба корҳои илмӣ дар ин кишвар муаррифӣ мешавад. Дар гӯшаи Вазорати маорифи Беларус имконоти мактабҳои олии ин кишвар дар омода намудани кадрҳои баландихтисос пешниҳод мешавад.
Имконоти сайёҳии Беларус
Вера Давиденко, директори корхонаи самти сайёҳии корхонаи «Беларустурист» ва Олег Романенко, муовини директори генералии Белпрофсоюзкурорт изҳор намуданд, ки дар Беларус барои пешниҳоди хизматгузории сатҳи баланд ба сайёҳон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Маҳсулоти саноатии Беларус
Соҳаҳои асосии саноати Беларус – мошинсозӣ ва коркарди металл, саноати кимиё ва нафту кимиё, электроэнергетика, саноати сабук, ҳӯрокворӣ ва кокрарди чӯб мебошад. Дар намоишгоҳ бо намунаҳои маҳсулоти хушсифати саноатии ин кишвар шинос шудан мумкин аст.
Маҳсулоти саноати хӯрокворӣ
Консерни давлатии саноати хӯроквории Беларус – «Белгоспищепром» истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин кишвар буда, ба он беш аз 40 ширкати истеҳсоли қанд, маснӯоти тамоку, машрубот ва қаннодӣ, ҳамчунин ғизо барои кӯдакон дохил мешаванд.
Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус дар «Манеж» (собиқ бинои ВДНХ, қафои Варзишгоҳи марказӣ)-и Душанбе ҷараён дошта, то 23 май идома меёбад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.