Бо ташаббуси вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Оғо-Хон оид ба рушд, САҲА, ФБА, ки дар Тоҷикистон расман фаъолият мекунанд, 26 феврал бо вазъи роҳи Душанбе – Хуҷанд шинос шуданд.
Меҳмонон ба минтақаҳои хатарноки тармарез рафта, бо фаъолияти кормандони IRS, вазорати нақлиёт ва КҲФ дар самти нигоҳдории шоҳроҳ шинос шуданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Innovative Road Solutions (IRS), ки нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Чаноқро бар зимма дорад.
Мутахассисони тоҷик ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ шарҳ доданд, ки барои бартараф кардани қатъи ҳаракат дар роҳ, дар мавсими тирамоҳу зимистон, бояд галереяҳо (нақбҳои рӯйизаминӣ) сохта шавад.
“Ҳоло дар ин роҳ 24 галерея сохта шудааст. Аммо барои таъмини пурраи бехатарии ҳаракат дар ин роҳ, боз 55 галерияи дигар бояд сохта шавад”,-гуфт котиби матбуотии ширкати IRS Далер Мерганов.
Бояд гуфт, ки имрӯз ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд тибқи нақшаи маъмулӣ ба роҳ монда шудааст ва ягон хел маҳдудият вуҷуд надорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



