Саломатии бинокори масҷиди Душанбе, ки дар шӯъбаи эҳё бистарӣ буд, беҳ шудаст

Эличев Қурбоншо, сокини 38-солаи ноҳияи Дарвози ВМКБ, яке аз бинокорони масҷиди бузурги Душанбе, ки дар шуъбаи эҳё бистарӣ гардида буд, ба шуъбаи ҷарроҳии асаб интиқол ёфтааст. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” имрӯз, 1 март, муовини сардухтури Маркази миллии тиббии Тоҷикистон Сулаймон Табаров иттилоъ дод. “Ӯ ба шуъбаи эҳё бо ҷароҳатҳои осеби пӯшидаи вазнини […]

Asia-Plus

Эличев Қурбоншо, сокини 38-солаи ноҳияи Дарвози ВМКБ, яке аз бинокорони масҷиди бузурги Душанбе, ки дар шуъбаи эҳё бистарӣ гардида буд, ба шуъбаи ҷарроҳии асаб интиқол ёфтааст. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” имрӯз, 1 март, муовини сардухтури Маркази миллии тиббии Тоҷикистон Сулаймон Табаров иттилоъ дод.

“Ӯ ба шуъбаи эҳё бо ҷароҳатҳои осеби пӯшидаи вазнини косахона ва майнаи сар, шикасти хаттии устухонҳои пешона, латхӯрии майнаи сар бистарӣ шуда буд. Ҳоло вазъи ӯ хуб аст”,- гуфт Сулаймон Табаров.

Вазъи се нафари дигар, ки дар шуъбаи ҷарроҳии асаб бистарӣ гардидаанд, хуб арзёбӣ мегардад.

Се нафар коргари ҷароҳатҳои нисбатан сабук бардошта, дар бинои 4-уми Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудаанд. Онҳо худро хуб ҳис мекунанд.

Давлатшо Юсупов – сокини 60-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ягона бинокорест, ки дар пайи ин ҳодиса вафот кард. Сулаймон Табаров сабаби марги ӯро ҷароҳати осеби пӯшидаи косахонаи сар, ларзиши майнаи сар, садамаи пӯшидаи қафаси сина, шикасти қабурғаҳои 3, 4, 5 аз тарафи рост, кафидани шуши рост, кафидани ҷигар гуфта буд. Инчунин, С. Табаров гуфт, ки Давлатшо Юсупов бо як гурда фаъолият мекард ва ин низ яке аз сабабҳои марги ӯ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 25 феврал дар масҷиди бузурги Душанбе, дар натиҷаи шикастани зинапояи сохтмонӣ, 9 нафар бинокор аз болои он афтода, бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардиданд. Баландии зинапоя беш аз 30 метр гуфта мешавад.

То ҳол касе аз масъулин ё худи ҷароҳатбардоштагон нагуфтаанд, ки сабаби аслии шикастани зинапоя чӣ буд. Рӯшан нест, ки онҳо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор дар сохтмонро риоя мекарданд ё не.

Дар ҳамин ҳол, прокуратураи шаҳри Душанбе вобаста ба ҳодисаи мазкур бо моддаи 190-и (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ,сохтмон ва дигар корҳо1) Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора аз Прокуратураи генералӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Барои вайрон кардани талаботи ин моддаи қонун, ҷарима дар ҳаҷми аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст. Агар ин ҳодиса боиси марги инсон шуда бошад, ҷазо дар шакли маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ баҳамин мӯҳлат пешбинӣ гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.