Маоши вакилони тоҷику ӯзбек чанд аст?

Маоши вакили парлумони Ӯзбекистон 1,56 млн сӯм ($186) ва вазир 1, 72 млн сӯмро ташкил менамояд, посух додааст Вазорати молияи Ӯзбекистон ба пурсиши «Газеты.Uz». Маоши муовини вазир бештар – 2,076 млн сӯм ($247) будааст. Раиси вилоят 1,9 млн ($226), раиси шаҳр ва ноҳия 1,643 млн сӯм ($195) маош мегирифтаанд. Онҳо ҳамчунин маблағҳои иловашуда мегиранд. Барои […]

Asia-Plus

Маоши вакили парлумони Ӯзбекистон 1,56 млн сӯм ($186) ва вазир 1, 72 млн сӯмро ташкил менамояд, посух додааст Вазорати молияи Ӯзбекистон ба пурсиши «Газеты.Uz».

Маоши муовини вазир бештар 2,076 млн сӯм ($247) будааст. Раиси вилоят 1,9 млн ($226), раиси шаҳр ва ноҳия 1,643 млн сӯм ($195) маош мегирифтаанд.

Онҳо ҳамчунин маблағҳои иловашуда мегиранд. Барои шароити махсуси кор – 20% аз маоши вазифавӣ, барои таҷрибаи ғании корӣ – 20-30%. Тавозуни ҳавасмандгардонӣ 40% аз маоши вазифавӣ, ҳавасмандгардонии моддӣ – 15 – 25% аст. Ҳамин тавр, дар маҷмуъ, раиси вилоят имкон дорад 4 млн сӯм ($476) маош гирад.

Хизматчии давлатӣ ҳамчунин метавонад мукофотпулӣ дар ҳаҷми ду маош ва кӯмаки моддӣ дар ҳаҷми як маош дастрас намояд. Маоши онҳо аз ҳисоби маблағҳои захиравии ғайрибуҷавии вазорат, кумита ва дигар мақомот метавонад зиёд гардад. Ин маблағҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ, пардохтҳои берун аз андозбандӣ, ҷаримаҳои маъмурӣ ва таҳримоти молиявӣ ҷамъоварӣ мегарданд. Онро метавонанд бо мақсади ҳавасмандгардонӣ равона намоянд.

Маоши ҳадди ақал дар Ӯзбекистон 202 730 сӯм ($24) ва дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ($43) аст.

Вакилони тоҷик чӣ қадар маош мегиранд?

Вакилони парлумони Тоҷикистон 4 ҳазору 950 сомонӣ маош мегиранд.

Маоши онҳо соли 2011 муайян гардида буд ва то имрӯз тағйир наёфтааст. Аммо агар он замон маоиши вакилони тоҷик тақрибан 1000 долларро ташкил медод, ҳоло ҳудуди 525 доллар аст.

Тағйироте, ки имсол ба қонун “Дар бораи мавқеи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, кафолати иҷтимоии аъзоёни парлумони кишварро то ду маротиба поён бурд.

То сентябри соли 2011 вакили парлумони ҷумҳурӣ пас аз қатъи вакилиаш ҳуқуқ дошт, ки то шаш моҳ, то замони пайдо кардани кори нав, маоши вакилиашро гирад. Тибқи қонуни нав, ин муҳлат то се моҳ кам карда шуд.

Маоши вазирону раисони тоҷик то имрӯз ошкор нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.