Марди пои занашро бо табар аз тан ҷудокарда ба 8 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини шаҳри Турсунзода Муҳаммадӣ Тошеви 56-сола нимаи моҳи октябри соли гузашта дар ҳолати мастӣ пои чапи занаш – Гулбаҳор Умароваи 33-соларо бо табар аз тан ҷудо карда буд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Тошев соати 1ғ шаб дар ҳолати мастӣ бо табари хоҷагидорӣ мусаллаҳ гардида, дар манзили худ аз ҳиссиёти рашк ба […]

Asia-Plus

Сокини шаҳри Турсунзода Муҳаммадӣ Тошеви 56-сола нимаи моҳи октябри соли гузашта дар ҳолати мастӣ пои чапи занаш – Гулбаҳор Умароваи 33-соларо бо табар аз тан ҷудо карда буд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Тошев соати 1ғ шаб дар ҳолати мастӣ бо табари хоҷагидорӣ мусаллаҳ гардида, дар манзили худ аз ҳиссиёти рашк ба қисмати поёни соқи пойи чапи ҳамсари хоббудааш бо табар як маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа пойи ӯ аз баданаш ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати Муҳаммадӣ Тошев мутобиқи моддаи 110 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Барои содир намудани ин ҷиноят суди шаҳри Турсунзода Муҳаммадӣ Тошевро ба 8 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.