Гуфтушунидҳо дар Душанбе оид ба ҷалби қарзи ХБА

Date:

Дар доираи сафари ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба Тоҷикистон роҳбари ҳайат хонум Падамжа Ханделвал санаи 4 март бо раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дидору гуфтушунид анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ноил гаштан ба мувофиқаи ниҳоӣ дар таҳияи лоиҳаи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо дастгирии Хазинаи байнулмилалии асъор изҳори умед карда, ҷиҳати мусоидат дар раванди таҳлилҳо аз рӯи самтҳои дахлдори низоми бонкӣ барои ҳамкорӣ ва пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории БМТ омодагии ҳамаҷонибаро баён намуд.

Гуфта мешавад, хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ дар хусуси ноил гаштани Тоҷикистон ба беҳбудиҳо дар самтҳои ҳадафнок, аз ҷумла коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ изҳори назар карда, дар баробари ин зикр намуд , ки ҳанӯз дар ин самт фаъолияти дахлдорро ба анҷом расонидан лозим аст. Ӯ инчунин доир ба фаъолият дар самти коҳиш додани қарзҳои беруна, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи фишангҳои муосири монетарӣ ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ибрози назар кард.

Роҳбари ҳайат изҳор намуд, ки ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи ислоҳоти сиёсати монетарӣ ва бахши низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад, ҳамчунин барои мусоидат намудан дар роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии ХБА асъор барои Тоҷикистон талош хоҳад варзид.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати ХБА асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки роҳбарии ҳайати Хазина оид ба Тоҷикистонро ба дӯш дорад, аз санаи 4 то 14 марти соли 2019 бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ- бонкӣ, ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳанд дод.

Аввали моҳи феврали соли равон раҳбарияти БМТ ба журналистон дар ин маврид иттилоъ дода буд, ки дар доираи ин барнома Тоҷикистон ба дастрасии қарз дар ҳаҷми беш аз 220 млн. доллар ният дорад.

Истифодаи ин воситаҳо дар доираи барномаи сесола барои дастгирии буҷет, боло бурдани рейтинги кишвар ва дигар самтҳо дар назар аст, ки минбаъд ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат намоянд.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба ин барнома муддати ду соли охир ҷараён дошта, тибқи маълумоти БМТ, дар ин давра қариб бист шартҳои пешакии Хазина пурра ба иҷро расидаанд.

Муҳлати амали барномаи пешини сесола, ки дар чаҳорчӯби он аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарз ҷудо гардид, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...