Дар Самарқанд фурӯшандаҳои аксҳои президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро ҷарима карданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар пайи як рейди рӯзи 20 май дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон фурӯшандагоне боздошт шуданд, ки ба тиҷорати тақвимҳо ва дигар савғотиҳои дорои акси президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов машғул буданд.
Як манбаъ аз идораи фарҳанг ва варзиши вилояти Самарқанд гуфтааст, соҳибони 12 мағоза, ки бо фурӯши чунин тақвимҳо ва армуғонҳо машғул буданд, ҷарима шуданд.
Тошпулод Раҳматуллоев, блогнавис аз Самарқанд иброз доштааст, кибисёре аз армуғон ва тақвимҳо бо акси президенти пешин бо сифати паст сохта шуда, ғайр аз ин, дар навишти онҳо бисёр хатогиҳои дағал ба мушоҳида мерасанд.
Рӯзноманигор Каримбердӣ Турамурод зикр кардааст, ки бархе аз фурӯшандаҳо сари қабри Ислом Каримовро ба як манбаи даромад табдил додаанд.
Яке аз савдогарони савғотиҳои истеҳсоли дастӣ иқрор шудааст, ки ба туфайли ин тиҷорат рӯзгори оилаашро таъмин мекунад. «Ба туфайли ин тиҷорат ман ба хона бо ду нон бармегардам. Барои ман ин сарчашмаи дарёфти восита барои таъмини рӯзгори оилаам мебошад», – гуфтааст ӯ.