Модар фаришта аст… Рӯзи модар муборак!

Ҳайъати таҳририяи гуруҳи расонаҳои “Asia – Plus” ҳамаи модарон – бонувони азизи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар табрик менамояд. Модарон – бонувони меҳрубон! Мо дар симои шумо олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем. Шумо бо меҳру вафоятон шӯълаи ишқу умедро абадӣ гардонида, эҳсоси инсониро дурахши пурҷило бахшидаед. Ба ҳамин хотир, аҳли башар ба шумо арҷ […]

Asia-Plus

Ҳайъати таҳририяи гуруҳи расонаҳои “Asia – Plus” ҳамаи модарон – бонувони азизи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар табрик менамояд.

Модарон – бонувони меҳрубон! Мо дар симои шумо олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем. Шумо бо меҳру вафоятон шӯълаи ишқу умедро абадӣ гардонида, эҳсоси инсониро дурахши пурҷило бахшидаед.

Ба ҳамин хотир, аҳли башар ба шумо арҷ мегузоранд, бузургиатонро ситоиш менамоянд ва дар наздатон сари таъзим фуруд меоранд.

Лоиқ Шералӣ барҳақ фармудааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,

Ту монанди замин яктоӣ, модар…

Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.

Бори дигар модарон – бонувони азизро бо ин ҷашни мубораку фараҳбахш табрик карда, ба шумо хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоем.

Рӯзи модар муборак, бонувони гиромӣ!!!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.