Таъсиси бунгоҳҳои машваратӣ дар мактабҳои Хабаровск барои кӯдакони муҳоҷирон

Дар мактабҳои шаҳри Хабаровск таъсиси бунгоҳҳои махсуси машваратӣ зарур аст. Дар ин ҷо кӯдакони муҳоҷирон барои мутобиқшавӣ ва омӯхтани ҳарф задан бо забони русӣ имкон пайдо мекунанд. Роҳбари Маркази захиравии Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ором (Тихоокеанский государственный университет) Елена Кулеш, ки хабаргузории ТАСС ба ӯ истинод меорад, дар ин робита гуфтааст, шумори кӯдакони ба минтақа воридшуда […]

Asia-Plus

Дар мактабҳои шаҳри Хабаровск таъсиси бунгоҳҳои махсуси машваратӣ зарур аст. Дар ин ҷо кӯдакони муҳоҷирон барои мутобиқшавӣ ва омӯхтани ҳарф задан бо забони русӣ имкон пайдо мекунанд.

Роҳбари Маркази захиравии Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ором (Тихоокеанский государственный университет) Елена Кулеш, ки хабаргузории ТАСС ба ӯ истинод меорад, дар ин робита гуфтааст, шумори кӯдакони ба минтақа воридшуда ҳамроҳи волидонашон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо зиёд шуда, айни замон шумори онҳо беш аз ним ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

“Вақте ки ин кӯдакон ба кӯдакистону мактабҳо мераванд, онҳоро лозим меояд, ки садди забониро паси сар намоянд, лекин на ҳамеша он зуд ва муваффақона сурат мегирад”, – иброз доштааст номбурда.

Бино ба гуфтаи Кулеш, дар кори омӯзиши кӯдаконе, ки бо забони русӣ хуб ҳарф зада наметавонанд, бунгоҳҳои махсуси машваратӣ дар назди мактабҳо оид ба дастгирии кӯдакон аз лиҳози равониву логопедӣ (ислоҳи иллатҳои нутқ) кумак хоҳанд кард.

Дар заминаи онҳо ба роҳ мондани омӯзиши иловагии забони русӣ барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Чунин лоиҳа айни замон дар ҳукумати кишвари Хабаровск мавриди баррасӣ қарор дорад, хабар медиҳад ТАСС.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.