Баррасии Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Россия то соли 2021

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 19 март муовини якуми раиси Ҳукумат, вазири молияи Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Антон Силуановро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид кард, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи афзалиятноки дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Россия […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 19 март муовини якуми раиси Ҳукумат, вазири молияи Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Антон Силуановро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид кард, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи афзалиятноки дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Россия аҳамияти махсус медиҳад.   

Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ду ҷониб, аз ҷумла созишномаҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баррасии “Барномаи руши ҳамкории иқтисодии чонибҳо барои то соли 2021” барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, афзоиши ҳаҷми гардиши мол муҳим арзёбӣ гардид. 

Таъкид шуд, ки айни замон сохтори муомилоти молҳои мамлакатҳои мо “захираи ашёи хом” боқӣ мемонад ва мо бояд барои диверсификатсияи он кушиш ба харҷ диҳем. Дар ин робита пешниҳод гардид, ки бояд механизми содда кардани навъҳои дастрасии мол аз Тоҷикистон ба бозори Россия таҳия карда шавад. Ҳамкории фаъол дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак зарур шуморида.

Гуфта мешавад, Россия то ҳол шарики пешсафи иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта беш аз 1 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз 1,6 миллиард доллари америкоӣ боло рафт.

Ҷонибҳо барои ҳамкории фаъол дар соҳаи истихроҷу коркарди маъдан, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, энергетика ва комплексҳои кишоварзӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ ва кредит, дар соҳаи нақлиёт, логистика, технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсия ва сайёҳӣ изҳори омодагӣ карданд.

Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзуъҳои дигар мулоқот буд, ки мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио