Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тирмиз вомехӯранд

Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки ҳамраисонаш сарвазирони кишварҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов мебошанд, санаи 3 апрел дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон баргузор мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе […]

Аваз Юлдошев

Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки ҳамраисонаш сарвазирони кишварҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов мебошанд, санаи 3 апрел дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳо байни давлатҳо дар ҳама самтҳо, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Дар ҷаласаи Тирмиз асосан ба баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши он дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва илмиву техникӣ байни Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 12 апрел сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар вохӯрии дуюми машвартии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.