Президенти Алҷазоир билохира ба истеъфо рафт

Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа рӯзи сешанбе дар пайи эътирозҳои оммавии сокинони ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории расмии Алҷазоир, хабари истеъфои Бутефлиқа пас аз он нашр шуд, ки сардори ситоди кулли артиши Алҷазоир Аҳмад Гаед Салоҳ даъват кард, президентро фавран аз мақом барканор […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа рӯзи сешанбе дар пайи эътирозҳои оммавии сокинони ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории расмии Алҷазоир, хабари истеъфои Бутефлиқа пас аз он нашр шуд, ки сардори ситоди кулли артиши Алҷазоир Аҳмад Гаед Салоҳ даъват кард, президентро фавран аз мақом барканор кунанд.

Гуфта мешавад, низомиёни Алҷазоир изҳороти пешинро напазируфтанд, ки гуфта шуд, президент то поёни давраи чаҳоруми раёсати худ – 28 апрели соли равон дар мақомаш хоҳад монд. Онҳо талаб карданд, ки ӯ зуд барканор шавад.

Бар асоси Конститутсияи Алҷазоир, пас аз ба истеъфо рафтани президент вазифаҳои ӯро муваққатан раиси палатаи болоии порлумон Абдулқодир Бинсалоҳ иҷро мекунад. Бояд давоми 90 рӯз дар ин кишвар интихоботи нави президентӣ баргузор шавад.

Тасмими ба истеъфо рафтани президент дар пайи эътирозҳои оммавие гирифта шуд, ки беш аз як моҳ аст идома доранд. Сокинони ин кишвар бо нишони эътироз ба пешбарии бори панҷуми номзадии Бутефлиқа ба мақоми президентӣ даст ба тазоҳурот заданд.

Бутефлиқа дар гузашта узви ҳаракати озодихоҳи Алҷазоир ва вазири умури хориҷӣ буда, аз соли 1999 ин кишварро раҳбарӣ мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.