Зани гунаҳкор ба қатли бераҳмонаи шавҳар ба 23 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини шаҳри Душанбе Бунёда Бӯриева моҳи сентябри соли 2016 бо мақсади тасарруфи манзилҳои ба шавҳараш тааллуқдошта ҳамсараш – Элмурод Бегалиевро бо бераҳмии махсус ба қатл мерасонад. “ Ӯ бо дору шавҳарашро мадҳуш карда, бо истифода аз ҳолати оҷизӣ бо зарбаҳои санг ба сари мард ӯро ба ҳалокат мерасонад”, – қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти […]

Asia-Plus

Сокини шаҳри Душанбе Бунёда Бӯриева моҳи сентябри соли 2016 бо мақсади тасарруфи манзилҳои ба шавҳараш тааллуқдошта ҳамсараш – Элмурод Бегалиевро бо бераҳмии махсус ба қатл мерасонад.

“ Ӯ бо дору шавҳарашро мадҳуш карда, бо истифода аз ҳолати оҷизӣ бо зарбаҳои санг ба сари мард ӯро ба ҳалокат мерасонад”, – қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, пас аз куштор зан ҷасади шавҳарашро зери чуқурии кофтааш дар фарши хона пинҳон мекунад. Сипас бо ёрии сокини пойтахт О.Эгамов тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо ду манзили ба шавҳараш таллуқдоштаро фурӯхтааст.

Ҷасади Элмурод Бегалиев моҳи августи соли 2018 дарёфт шуда, дарҳол ба гумони даст доштан дар куштори ӯ ҳамсараш боздошт мешавад.

Бо қарори суди шаҳри Душанбе Бӯриева ба 27 соли зиндон ва ҳаммаслаки ӯ дар фурӯши хонаҳо Эгамов ба 2 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.