БОР ба ҳукумати Тоҷикистон арзонӣ ва беҳбуди дастрасиро ба интернет тавсия дод

Аз поин бурдани арзиш ва беҳбуди дастрасӣ ба интернет Тоҷикистон дар оянда фоидаи зиёди иқтисодӣ ба даст оварда метавонад, чунин мешуморад намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе Прадип Сривастава. “Аз таҳкими зерсохтори технологияҳои иттилоотӣ, арзон кардани дастрасӣ ба интернет, ҳавасмандсозии сармоягузориҳои хусусӣ ба хизматрасониҳои интиқоли маълумот ва овоз, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи таълими […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз поин бурдани арзиш ва беҳбуди дастрасӣ ба интернет Тоҷикистон дар оянда фоидаи зиёди иқтисодӣ ба даст оварда метавонад, чунин мешуморад намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе Прадип Сривастава.

“Аз таҳкими зерсохтори технологияҳои иттилоотӣ, арзон кардани дастрасӣ ба интернет, ҳавасмандсозии сармоягузориҳои хусусӣ ба хизматрасониҳои интиқоли маълумот ва овоз, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи таълими ҷавонон Тоҷикистон ба фоидаҳои зиёди иқтисодӣ ноил шуда метавонад”, – оварда шудааст гуфтаҳои Прадип Сривастава дар сомонаи расмии БОР.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи марти соли равон Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боло бурдани арзиши интернет фармоиш содир намуд, ки вокуниши манфии ҷомеаро ба бор овард.

Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории аз 27 март операторони мобилии Тоҷикистон бояд ба интернети мобилӣ дар кишвар тарифҳои нав ҷорӣ месохтанд: 1 Мб – на камтар аз 5 дирам. Ҳамчунин алоқа тариқи NGN низ дар Тоҷикистон мебоист 10 баробар  – аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ боло мерафт.

Аммо ҳеҷ яке аз ширкатҳои мобилӣ то ҳол муштариёни худро дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нав огоҳ накардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.