Қатъи фаъолияти даҳҳо нуқтаи пинҳонии мубодилаи асъор

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон соли гузашта фаъолияти 15 нуқтаи гайриқонунии мубодилаи асъорро боздоштанд. Дар ин бора зимни ҳисобот ба палатаи болоии парлумон прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Аҳмадзода хабар дод. Ӯ қайд кард, ки зимни назорат аз болои риояи иҷрои қонун дар бораи танзим ва назорати асъор дар ин самт 326 қонуншиканӣ ошкор шудааст. Бино ба […]

Пайрав ЧОРШАНБИЕВ, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон соли гузашта фаъолияти 15 нуқтаи гайриқонунии мубодилаи асъорро боздоштанд. Дар ин бора зимни ҳисобот ба палатаи болоии парлумон прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Аҳмадзода хабар дод.

Ӯ қайд кард, ки зимни назорат аз болои риояи иҷрои қонун дар бораи танзим ва назорати асъор дар ин самт 326 қонуншиканӣ ошкор шудааст.

Бино ба гуфтаи прокурори генералӣ, нисбати гумонбаршудагон 104 парвандаи ҷиноятӣ ва 222 парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, фаъолияти 15 нуқтаи ғайриқонунии мубодилаи асъор қатъ карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъори аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бозшуда баста шуданд. Аз он замон мувофиқи қонунгузории нав асъорро метавон танҳо дар воҳидҳои дахлдори бонкҳо мубодила намуд. Барои мубодилаи ғайриқонунии асъор вобаста ба вазнинии қонуншиканӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Доллари пасипардагӣ

Бо вуҷуди сангинтар шудани қонунгузорӣ дар ин самт, афроди ҷудогона бо истифода аз камбуди захираҳои асъор мубодилаи онро ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ ба роҳ мемонанд.

Воридкунандагони маҳсулот мефаҳманд, ки барои мубодилаи ғайриқонунии асъор ҳам мубодилакору ҳам худи онҳо ҷазо гирифта метавонанд.

“Лекин мо илочи дигар надорем. Агар дастрасии доллар бар асоси қонунӣ нисбат бо қурби пасттар дар бонкҳо имкон медошт, мо ҳеҷ гоҳ ба ин гуна шахсон муроҷиат нмекардем”, – гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз тоҷирон, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Тоҷир ҳамчунин изҳор намуд, ки ин афроди машғул ба мубодилаи ғайриқонунии асъор долларҳоро аз шиносҳояшон дар яке аз бонкҳо дастрас мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.