Ҳаракати троллейбуси №12 дар Душанбе боздошта шуд

Бинобар анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ (мавзеи Яккачинор ва Агроинвестбонк), аз 10 апрел ҳаракати троллейбусҳои №12 дар шаҳри Душанбе (Фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ) – маҳаллаи Гипрозем) муваққатан қатъ карда мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдориии пойтахт, шурӯъ аз 10-уми апрели соли равон дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами […]

Asia-Plus

Бинобар анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ (мавзеи Яккачинор ва Агроинвестбонк), аз 10 апрел ҳаракати троллейбусҳои №12 дар шаҳри Душанбе (Фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ) – маҳаллаи Гипрозем) муваққатан қатъ карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдориии пойтахт, шурӯъ аз 10-уми апрели соли равон дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами хатсайри №12 ба роҳ монда мешавад.

Тибқи маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазору 900 адад нақлиёти мусофирбар ба сокинон хизматрасонӣ мекунанд, ки 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёте қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио