Коршиносони тоҷик меъёрҳои муолиҷаи нашъмандиро дар Аврупо омӯхтанд

Бисту чор нафар шарикони барномаи CADAP аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти наркологӣ ва Маркази Миллии Мониторинг ва Пешгирии нашъамандӣ дар семинари дурӯза барои тренерон оид ба баланд бардоштани стандартҳои сифати табобати вобастагӣ аз маводҳои нашъаовар ширкат варзиданд. Тренерон аз Донишкадаи Франкфурт оид ба илмҳои амалӣ, ду нафар мутахассиси амалкунанда аз муассисаи тиббии […]

Иттилоияи расмӣ

Бисту чор нафар шарикони барномаи CADAP аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти наркологӣ ва Маркази Миллии Мониторинг ва Пешгирии нашъамандӣ дар семинари дурӯза барои тренерон оид ба баланд бардоштани стандартҳои сифати табобати вобастагӣ аз маводҳои нашъаовар ширкат варзиданд.

Тренерон аз Донишкадаи Франкфурт оид ба илмҳои амалӣ, ду нафар мутахассиси амалкунанда аз муассисаи тиббии Олмон, инчунин тренер аз Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (РСММ МНҶ) баромад карда, доир ба стандартҳои қабулшудаи Иттиҳоди Аврупо дар коҳиши талабот ба маводи нашъаовар ва табобати нашъамандӣ дар Олмон ва стандартҳои байналмилалии РСММ МНҶ/ТУТ, презентатсияҳоро пешкаш намуданд.

Дар ин хусус ба шарикони миллӣ дар бораи хусусиятҳои кор дар байни аҳолӣ ва хизматрасониҳои ҳадди паст дошта (доир ба паст кардани зарар), хизматрасониҳои табобати амбулаторӣ дар сатҳи маҳаллӣ, инчунин дар бораи таҷрибаи табобат дар беморхона ва хона дар Олмон иттилоъ доданд.

Дар навбати худ, шарикони миллӣ таҷрибаи табобаткуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ доданд.

Қисмати барномаи CADAP доир ба табобат, кишварҳои Осиёи Марказиро дар барномаҳои табобат ва паст кардани зарар, бо истифода аз таҷрибаҳои беҳтарини Иттиҳоди Аврупо ва стандартҳои байналмилалӣ дастгирӣ мекунад. Семинар ба омӯзиши мутахассисони миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии табобатӣ равона шудааст.

Барномаи CADAP 6 бо худ давомати сиёсати ИА ва ҳамкории дарозмӯҳлатро бо шарикони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, баҳри мусоидат дар минбаъд тақвиятдиҳии сиёсат доир ба паст кардани талабот ба маводи нашъаовар равона шудааст.

Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиуми кишварҳои Недерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон, дар якҷоягӣ бо ташкилоти Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  (GIZ) амалӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.