Дариға Назарбоева дар интихоботи президенти Қазоқистон номзадиашро гузоштанӣ нест

Раиси Сенат ва духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Дариға Назарбоева номзадиашро дар интихоботи президентии 9 июни соли 2019 пешниҳод карданӣ нест. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора расонаҳо бо истинод ба ёвари ӯ Сауле Мустафоева хабар додаанд. "Дариға Назарбоева номзадиашро ба мақоми президентии Қазоқистон пешниҳод карданӣ нест", – гуфтааст Мустафоева дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раиси Сенат ва духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Дариға Назарбоева номзадиашро дар интихоботи президентии 9 июни соли 2019 пешниҳод карданӣ нест. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора расонаҳо бо истинод ба ёвари ӯ Сауле Мустафоева хабар додаанд.

"Дариға Назарбоева номзадиашро ба мақоми президентии Қазоқистон пешниҳод карданӣ нест", – гуфтааст Мустафоева дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори Tengrinews.kz.

Гуфта мешавад, президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 9 апрел дар паёмаш ба сокинони ин кишвар эълом кард, ки интихоботи навбатии президентӣ 9 июни соли равон баргузор хоҳад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки духтари калонии президенти пешини Қазоқистон дар ҳоли ҳозир раиси Сенат аст, ки дувумин мақоми сиёсӣ дар ин кишвар шумурда мешавад. Номзадии Назарбоеваро ба ин мақом Тоқаев пешниҳод карда буд. Тоқаев пас аз истеъфои Назарбоев президенти муваққати Қазоқистон шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.