Пешгӯии афзоиши бештари иқтисоди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар паҳнои ИДМ

Соли 2019 афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 5%-ро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 2 банди фоизӣ зиёдтар аст, гуфта мешавад дар гузориши навшудаи World Economic Outlook. Коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯӣ кардаанд, ки соли 2020 афзоиши ММД Тоҷикистон то 4,5% поин меравад. Сатҳи нисбатан баланди афзоиши ММД соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2019 афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 5%-ро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 2 банди фоизӣ зиёдтар аст, гуфта мешавад дар гузориши навшудаи World Economic Outlook.

Коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯӣ кардаанд, ки соли 2020 афзоиши ММД Тоҷикистон то 4,5% поин меравад.

Сатҳи нисбатан баланди афзоиши ММД соли 2019 байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (ИДМ) дар Туркманистон – 6,3% пешгӯӣ шудааст.

Сатҳи афзоиши ММД дар Тоҷикистону Ӯзбекистон – 5%-ӣ, Қирғизистон – 3,8%, Қазоқистон – 3,2%, Арманистон ва Гурҷистон – 4,6%-ӣ, Молдова – 3,5%, Украина – 2,7%, Беларус – 1,8% ва Русия – 1,6% пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон имсол аз 7% афзоиши иқтисод дар ҷумҳури интизорӣ дорад.

Иқтисодчиёни ХБА афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2018 низ дар сатҳи 5% пешгӯӣ карда, лекин аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти сол мувофиқи маълумоти оморӣ, он 7%-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки дар гузориши чанде қабл интишоршудаи Бонки осиёгии рушд “Гузориши рушди Осиё” барои иқтисоди Тоҷикистон соли 2019 – 7% ва соли 2020 – 6,5% сатҳи рушд пешгӯӣ мешавад.

Ба туфайли боқӣ мондани сармоягузориҳои назарраси давлатӣ ва афзоиши ҳаҷми интиқоли пул, афзоиши баландтарин дар Тоҷикистон пешгӯӣ шудааст.

Бинобар сабаби понравии нархи нафт ва маҳдуд шудани истихроҷи он, афзоиши пасттарин (3,5% – дар соли 2019 ва 3,3% – дар соли 2020) дар Қазоқистон пешбинӣ гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.