Рахнаи чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ дар маркази Душанбе

Шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда ронандаи автомашинаи Volkswagen Golf, сокини Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чароғаки раҳнамои канори роҳ бархӯрд. Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, автомашинаи сокини 28-солаи пойтахт Фаррух Каримов  ба чароғаки раҳнамо ва сутуни камераи мушоҳидавӣ дар чорроҳаи Рӯдакӣ – Шоҳтемур бархӯрдааст. Гуфта мешавад, бар асари […]

Asia-Plus

Шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда ронандаи автомашинаи Volkswagen Golf, сокини Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чароғаки раҳнамои канори роҳ бархӯрд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, автомашинаи сокини 28-солаи пойтахт Фаррух Каримов  ба чароғаки раҳнамо ва сутуни камераи мушоҳидавӣ дар чорроҳаи Рӯдакӣ – Шоҳтемур бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодиса худи ронанда осебе надида, чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ шикаста ва корношоям гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса маводҳои лозима тартиб дода шуда, ҷиҳати маълум намудани сабабу омилҳои он таҳқиқ идома дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати ВКД Душанбе дар ин робита хабар дод, ҳангоми рух додани садамаи нақлиёт ронадаи автомашина дар ҳолати мастӣ қарор надоштааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.