Санаи 28 июн дар варзишгоҳи шаҳри Калинингради Русия дар доираи мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни дастаҳои Англия ва Белгия бозӣ баргузор мешавад. Қаҳрамони навбатии мо аз Хуҷанд – нафақахӯри 71-сола Абдушариф Раҳимов маҳз барои иштирок дар ҳамин бозӣ шитоб дорад.
Табиист, ки мо ӯро то фурудгоҳ гусел карда, пурсидем, ки ин шавқу ҳавси беандоза ба футбол дар ӯ аз куҷост. Ба ин сафар ӯ хеле ҷиддӣ тайёрӣ дид. Барои солим будан дар роҳи сафари тӯлонӣ аз моҳи январ ҳамарӯза оҳиста- оҳиста ба машқҳои ҷисмонӣ оғоз намуда, ҳар рӯз бо велосипед 10 км масофаро тай мекард.
Агар шумо ҳам мухлиси футбол бошед, ҳатман ин наворро тамошо кунед.