Нигаронии сарвазир аз суръати корҳои таъмиру навсозии роҳи Душанбе-Бохтар

Дар амалисозии лоиҳа оид ба таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар мутаассифона, аз нақшаи пешбинишуда дермонӣ вуҷуд дорад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳо дар ин роҳи муҳим барои ҷумҳурӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин робита дастур додааст, ки ба ҷараёни корҳои таъмиру навсозӣ суръати бештар бахшида шавад. Қоҳир […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар амалисозии лоиҳа оид ба таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар мутаассифона, аз нақшаи пешбинишуда дермонӣ вуҷуд дорад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳо дар ин роҳи муҳим барои ҷумҳурӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ин робита дастур додааст, ки ба ҷараёни корҳои таъмиру навсозӣ суръати бештар бахшида шавад.

Қоҳир Расулзода таъкид доштааст, ки бо суръати корҳое, ки имрӯз ҷараён доранд, дар муҳлати пешбинишуда роҳи сифаташ баландро ба истифода додан имкон надорад.

Ширкати паймонкор дермонӣ аз нақшаро ба шароити обуҳавои номусоиди имсола нисбат дода, ба сарвазир итминон додааст, ки дар фурсати кӯтоҳтарин камбуду норасоиҳоро бартараф мекунад ва аллакай ба асфалтпӯшонии баъзе қитъаҳои роҳ оғоз кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон марҳилаҳои 1 ва 2-юми лоиҳаи “Таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар” мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи аввал ширкати «Синтзян Бейсин»-и Чин ва мушовири байнулмилалии он – ширкати олмонии “КОКС” мебошанд.

Дар марҳилаи аввал таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ бо сохтмони пул дар болои дарёи Кофарниҳон пешбинӣ шудааст. Барои анҷоми таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ 96,3 млн. доллар маблағ ҷудо гардида, 27,7 млн. доллари он азхуд шудааст.

Маблағи марҳилаи дуюми лоиҳа (бо масофаи 39,6 километр бо сохтмони пул дар болои дарёи Вахш) 107,5 млн. долларро ташкил медиҳад, ки 11,7 млн. доллараш азхуд шудааст.

Анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 дар назар аст.

Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм (роҳи автомобилгарди маъмулӣ) ба категорияи “1-Б” (роҳи автомобилгарди босуръат) гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Айни замон паҳноии роҳ то 12 метр мерасад.

Дар қади роҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва низоми эҳтиётии ғизогирии барқ бар асоси батареяҳои офтобӣ насб мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.