ВКД: Ҳалокати 4 нафар дар садамаҳои нақлиёти рӯзҳои истироҳат

Дар ҳодисаҳои садамаи нақлиёти рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда чор нафар, аз ҷумла як ноболиғ ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар садамаи нақлиёти рӯзи 4 май дар роҳи Душанбе-Турсунзода ду нафар ҳалок ва чор нафар ҷароҳат бардоштаанд. “Ронандаи автомашинаи Nissan Cefiro аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи Hyundai Porter бармехӯрад, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар ҳодисаҳои садамаи нақлиёти рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда чор нафар, аз ҷумла як ноболиғ ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар садамаи нақлиёти рӯзи 4 май дар роҳи Душанбе-Турсунзода ду нафар ҳалок ва чор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

“Ронандаи автомашинаи Nissan Cefiro аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи Hyundai Porter бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи 36-солаи автомашинаи Hyundai Porter ва мусофирзани 45-солаи автомашинаи Nissan Cefiro дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронандаву се мусофири автомашинаи Nissan Cefiro бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин аз ҳалокати ноболиғ бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 5 май дар ноҳияи Рӯдакӣ низ хабар медиҳад.

“Ронандаи 25-солаи автомашинаи Opel Vectra зимни ҳаракат дар роҳи Ваҳдат-Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарчаи 12-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар бемористон ба ҳалокат расид”, – хабар медиҳад ВКД.

Ҳамин рӯз дар роҳи Душанбе-Хуҷанд низ пиёдагарди шахсияташ номаълум зери чархи автомашина ҳалок шудааст.

“Ронандаи автомашинаи Opel Astra марди тақрибан 55-60-солаи шахсияташ номаълумро дар қаламрави ноҳияи Истаравшан бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Барои муайян кардани шахсияти ҳалокшуда корҳои фаврӣ сурат гирифтааст”, – қайд мекунад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон тамоми ҳолатҳои ҳодисаҳои садамаи нақлиёти дар боло зикршуда маврид таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.