Рустами Эмомалӣ ба роҳандозии фаъолияти мунтазами тарабхонаҳо дастур дод

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тарабхонаҳои шаҳр дастур дод, ки сарфи назар аз моҳи шарифи Рамазон, ба меҳмонон хизматгузории мукаммалу мунтазамро ба роҳ монанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин дастур бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба шаҳри Душанбе содир шудааст.

“Оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шариф Рамазон аз соати 11:00 ба роҳ монда, ҷиҳати ба таври пурраву мунтазам хизматрасонӣ намудани онҳо мусоидат карда шавад”, – омадааст дар дастур.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи мазкур, нисбати соҳибмулкони тарабхонаҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон санаи 6 май фаро расид. Дар ин робита аксари қаҳвахонаву тарабхона ва чойхонаҳо рӯзона кор намекунанд. Моликони онҳо мегӯянд, кори рӯзона дар моҳи Рамазон фоида намеорад, зеро аксарият рӯза дошта, шумори мизоҷон хеле кам аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, семоҳаи аввали соли равон беш аз 215 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайру саёҳат аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода чанде қабл ба вакилони палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон моҳи май оғоз гардида, минбаъд шумори сайёҳони хориҷӣ тадриҷан меафзояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...