Зимни ошӯб дар зиндони Афғонистон 4 нафар маҳбусон ҳалок ва 13 тани дигар захмӣ шуданд

Бар асари бетартибиҳо дар зиндони бузургтарини Пули Чархӣ дар Кобул 4 нафар маҳбусон ҳалок ва 13 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора Xinhua хабар медиҳад. “Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки дар чанде аз қисматҳои зиндони Пули Чархӣ санҷиш гузаронида шавад. Чор бино субҳ аз назар гузаронида шуда, аммо пас аз […]

Asia-Plus

Бар асари бетартибиҳо дар зиндони бузургтарини Пули Чархӣ дар Кобул 4 нафар маҳбусон ҳалок ва 13 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора Xinhua хабар медиҳад.

“Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки дар чанде аз қисматҳои зиндони Пули Чархӣ санҷиш гузаронида шавад. Чор бино субҳ аз назар гузаронида шуда, аммо пас аз нисфирӯзӣ ҷанҷолу задухӯрдҳо ба амал омад, ки дар ҷараёни он як гурӯҳи маҳбусон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла карданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Дар ҷараёни задухӯрд, ки рӯзи 14 май ба вуқӯъ пайваст, 20 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, зиндониён талош кардаанд, ки аз дасти кормандони пулис силоҳашонро кашида гиранд, аз ин рӯ, ба посбонон лозим омадааст, ки ба ҳаво тир кушоянд.

Гуфта мешавад, вазъ дар зиндон айни замон зери назорат гирифта шуда, тафтиши хизматӣ ҷараён дорад.

Пули Чархӣ зиндони маъруф ва бузургтарин дар Афғонистон аст. Он барои адои ҷазои ҷинояткорони махсусан хатарнок таъин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.