Фарорасии мавсими камчинии шадиди доллар дар Тоҷикистон

Вазъи дастрасӣ ба доллар дар бозори асъори Тоҷикистон тайи чанд рӯзи ахир боз мушкилтар шуд: дар бонкҳо дастрас намудани асъори амрикоӣ хеле душвор ё метавон гуфт, ки ғайриимкон буда, дар бозори ғайрирасмӣ қурби он аз 10 сомонӣ (барои 1 доллар) боло рафт. Дар марказҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратии пойтахт долларро мехаранд, лекин бо ишораи мавҷуд […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазъи дастрасӣ ба доллар дар бозори асъори Тоҷикистон тайи чанд рӯзи ахир боз мушкилтар шуд: дар бонкҳо дастрас намудани асъори амрикоӣ хеле душвор ё метавон гуфт, ки ғайриимкон буда, дар бозори ғайрирасмӣ қурби он аз 10 сомонӣ (барои 1 доллар) боло рафт.

Дар марказҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратии пойтахт долларро мехаранд, лекин бо ишораи мавҷуд набудани чунин асъор, он фурӯхта намешавад.

Қурби хариди доллар ин рӯзҳо дар марказҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна 9,43 сомонӣ ва фурӯши он – 9,45 сомониро ташкил медиҳад.

Дар марказҳои мубодилаи асъор мегӯянд, аз ҳисоби захираҳои доллари доштаашон бонкҳо имрӯз танҳо амалиёти интиқоли пулро (бо доллар) таъмин карда метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, долларро метавон аз шахсоне дарёфт намуд, ки ба мубодилаи ғайриқонунии он машғуланд. Ҳарчанд дар қонунгузорӣ барои ин амал то ҷавобгарии ҷиноӣ ҷазо пешбинӣ шуда бошад ҳам, бархе аз имконоти пули осон кор кардан дар чунин шароит истифода мекунанд. Дар “бозори сиёҳ” 1 доллар ба 10,03 сомонӣ иваз мешавад, яъне 0,58 сомонӣ зиёдтар аз қурби бонкӣ.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба дархости “Азия-Плюс” дар мавриди камчин шудани доллар алҳол посух надодаанд.

Қобили зикр аст, ки камбуди доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон аз аввали соли равон ба мушоҳида мерасад.

Бонки миллӣ қаблан камбуди долларро дар навбати аввал ба вобастагии зиёди ҷумҳурӣ ба воридот нисбат дода буд.

“Мо ба воридот вобастагии зиёд дорем, қариб ҳамаи молу маҳсулоти ниёзи аввалия аз хориҷи кишвар оварда мешавад”, – изҳор дошта буд ба журналистон моҳи феврали соли равон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ӯ қайд карда буд, ки талаботи ҳамарӯзаи кишвар ба асъори хориҷӣ 24 млн. доллар арзёбӣ мешавад. Он замон Нурмаҳмадзода таъкид дошта буд, ки ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шудааст, ки дар навбати аввал ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ, гандум, шакар, равған ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро бо асъори хориҷӣ таъмин кунанд.

Мебояд гуфт, камчинии шадиди доллар дар бозори асъори Тоҷикистон дар ин давра падидаи маъмулӣ шуда, дар Бонки миллӣ қариб ҳамасола дар ин робита изҳор мекунанд, ки камбуди доллар зери таъсири раванди муҳоҷират рӯйи кор меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.