Рӯзакушоии мардум дар кӯча, масҷид ва бозорҳои Душанбе

Дар моҳи шарифи Рамазон бо вуҷуди осмонбӯс шудани нархҳои бозор, мардуми тоҷик ҳар шому субҳ дастархони рамазонӣ мекушоянд. Илова бар ин, боз қисми зиёди мардуми мо барои ҷамъи дӯстон ё ҳамсоягон хӯроки шом медиҳанд, ки онро “ифтор” мегӯянд. Ва ин аст, ки бисёриҳо бо ҳазл мегӯянд: “Имшаб кӣ ифтор дорад?”. Маҳз аз чӣ гуна рӯза […]

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, махсус барои Asia-Plus

Дар моҳи шарифи Рамазон бо вуҷуди осмонбӯс шудани нархҳои бозор, мардуми тоҷик ҳар шому субҳ дастархони рамазонӣ мекушоянд. Илова бар ин, боз қисми зиёди мардуми мо барои ҷамъи дӯстон ё ҳамсоягон хӯроки шом медиҳанд, ки онро “ифтор” мегӯянд. Ва ин аст, ки бисёриҳо бо ҳазл мегӯянд: “Имшаб кӣ ифтор дорад?”.

Маҳз аз чӣ гуна рӯза кушодани мардуми берун аз хона мегӯем, ки барои ин мо бегоҳе дар кӯчаҳои Душанбе, бегоҳе дар масҷид ва бегоҳе дар бозор гашта, шоҳиди рӯзакушоии пиёдагарди пойтахт, намозгузори масҷид ва савдогари бозор шудем.

Панҷшанбе. 19 май. Соат 19:22. Ифтор соати 19:40 мерасад. Сирки давлатӣ. Мардум хеле зиёд равуо доранд. Ҳама саросема аст. Гӯё ки ба онҳо чизе намерасад ва ё чизеро гум кардаанд. Дақиқаҳо гузашта истодаанд ва баробари онҳо “сигнал”-и мошинҳо ҳам баланд мешавад. Чанд дақиқа монд. Дақиқаи охир. Ва инак, 19:40. Пиёдагардон саросематар мешаванд. Медаванд. Об мекобанд. Обҳои газноку бегазро менӯшанд. Хот-дог мехаранд. Пирожкифурӯш муштариёни зиёдро дида, худро гум мекунад. Киро аввал ҷавоб доданашро намедонад. Ҳатто намедонад, ки аввал худаш хӯрад ё муштариёни гуруснаро сер кунад. Мисле, ки гуруснагӣ омада бошад. Аз дур дидани ин манзара ҳамин ҳолатро пеши назар меорад. Хулоса, пас аз чизе нахӯрдани 16 соату 4 дақиқа рӯзаро дар кӯча кушодан бисёр ногувор будааст.

Ҷумъа. 20 май. Соат 19:10. Ифтор соати 19:41 мерасад. Назди масҷиди “Ҳамадонӣ”. Дар пеши масҷид марде чалаки (зарфи калон) пур аз чолоб бо косаҳои бешумор дар назди худ мондааст. Вақт гузашта истодааст. Намозгузорон зиёд равуо доранд. Садои ҳамон мард баланд шуд: “Биё бача, чолоби бепул, хайрия, марҳамат кунед!”.

Мардум наздик шудани вақтро дида, яке баъди дигаре аз дасти мард косаи пури чолобро мегиранд. Дар паҳлӯ марди дигаре аз дохили қуттии калоне ба ҳар нафари пешаш омада як то пирожки медиҳад. Мо ҳам як коса чолобуу як дона пирожкиро гирифтем. Инак, нӯшидему тановул кардем. Даромадгоҳи масҷид. Як нафар шарбат, чанд нафар хурмо, чанд нафар оби бегаз, чанд нафар… ба намозгузорон дода истодаанд. То ба масҷид даромадан, сер шудем. Хулоса, ҳарчанд  дар масҷид ошу шӯрбо  набошад ҳам , рӯза кушодан бисёр хуб ва хурсандиовар аст.

Шанбе. 21 май. Соат 19:30. Ифтор соати 19:42 мерасад. Бозори “Саховат”. Бо вуҷуди он ки ба рӯзакушоӣ 12 дақиқа вақт мондааст, ба ҷуз савдогарон, мардуми хеле зиёд машғули хариданд, ки яқинан бисёре аз онҳо дар бозор рӯзаашонро мекушоянд. “Вақт шуд”- касе баланд садо баровард. Ҳама осемасар ҳар чизе, ки то ин дам дар дасту ҷайбу пеши худ доштанд, ба даҳон мебурданд. Савдогарон бо маҳсулотҳои хӯрокаи худ рӯзаашонро кушода, дар баробари хӯрдан боз муштариёнро ҷавоб дода истодаанд. Дар ин росто бо савдогароне ҳам дучор омадан мумкин аст, ки нахӯрда ва чизе ба даҳон набурда корашонро иҷро карда истодаанд. Хулоса, дар бозор, ки мо ҳам як дона себ хӯрдем, рӯзакушоӣ на он қадр хуб будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.