Кори терминалҳои пардохт дар Тоҷикистон ба тартиб дароварда мешавад

Талаботи пешниҳоди хизматрасониҳои қабули пардохт дар санади Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон зикр шудааст, ки аз аввали ҳамин моҳ бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст. “Дар раванди қабули пардохтҳо ташкилотҳои қарзӣ бояд шартномаи оммавиро (аз ҷумла дар шакли офертаи оммавӣ) байни […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Талаботи пешниҳоди хизматрасониҳои қабули пардохт дар санади Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон зикр шудааст, ки аз аввали ҳамин моҳ бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст.

“Дар раванди қабули пардохтҳо ташкилотҳои қарзӣ бояд шартномаи оммавиро (аз ҷумла дар шакли офертаи оммавӣ) байни худ ва муштариён таҳия намуда, онро дар экрани терминалҳои худкори худхизматрасон ҷойгир намоянд”, – гуфта мешавад дар санади Тартибот.

Акнун ташкилощіои қарзӣ уҳдадоранд, ки пеш аз қабул намудани пардохтҳо, муштариёнро дар шакли ба онҳо дастрас бо шартҳои қабули маблағҳо ва дар ҳолати зарурӣ баргардонидани маблағҳо ба пардохткунанда, аз ҷумла тартиби шикоят кардан ва иттилооте, ки барои тамос бо ташкилотҳои қарзӣ зарур мебошад, шинос намоянд.

Додани чек (расид) ҳатмӣ аст

Боз як талаботи дигари ҳатмӣ додани чек (расид)-и хазина ба мизоҷон мебошад, ки айни замон на ҳама терминалҳо онро анҷом медиҳанд.

“Терминали худкори худхизматрасоне, ки тавассути он пардохтпулӣ қабул карда мешавад, ба сифати тасдиқи гузаронидани амалиёт бояд бо дастгоҳи додани чеки (расиди) хазина, ки ба талаботи қонунгузории ҶТ ҷавобгӯ мебошад, муҷаҳҳаз гардонида шавад. Ҳамчунин ташкилотҳои қарзӣ бояд ба рақами телефони мобилӣ ва (ё) суроғаи почтаи электронии муштарӣ чеки (расиди) хазинаро дар шакли электронӣ ирсол намоянд”, – омадааст дар санад.

Терминалҳои худкори худхизматрасон, ки тавассути онҳо қабули пардохтҳо анҷом дода мешавад; бояд ба низоми автоматикунонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзӣ мустақиман пайваст бошад ва ҳар як амалиёт оид ба қабули пардохтҳо бояд дар низоми ташкилотҳои қарзӣ инъикос гардад.

Ҳамаи иттилоот оид ба амалиёти қабули пардохтҳо, ки тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон амалӣ карда мешавад, дар муҳлати на кам аз 5 сол аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Низомҳои пардохтие, ки дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд, бо бастани созишномаҳои дахлдор метавонанд қабули пардохтҳоро танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ ба роҳ монанд.

“Барои риоя накардани Тартиби мазкур нисбати ташкилотҳои қарзӣ тибқи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида мешаванд”, – таъкид мешавад дар санад.

Қобили зикр аст, ки айни замон аксари терминалҳо ба мизоҷон чеки хазинавӣ надода, гузашта аз ин, бисёре аз онҳо, қонунгузории амалкунандаи ҷумҳуриро риоя накарда, пас аз қабули пардохт аз мизоҷон фоиз меситонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.