Роҳбари нави Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ба иҷрои вазифааш шурӯъ кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодовро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттило Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин Қозидавлат Қоимдодовро ба муносибати  таъйин гардиданаш ба  вазифаи пурмасъулият табрик карда, ба ӯ дар пешбурди муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ташкилоти Оғохон оид ба рушд муваффақият орзу […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттило Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин Қозидавлат Қоимдодовро ба муносибати  таъйин гардиданаш ба  вазифаи пурмасъулият табрик карда, ба ӯ дар пешбурди муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ташкилоти Оғохон оид ба рушд муваффақият орзу намуд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот инчунин роҷеъ ба масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

То соли 2017 Қозидавлат Қоимдодов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Беларус, ҳамзамон дар Литва, Латвия ва Эстония ифои вазифа мекард. Соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон ба нафақа баромад.

Бунёди Оғохон оид ба рушд (АКДН) аз соли 1992 дар Тоҷикистон амал мекунад. Ташкилот дар ҳамаи вилоятҳо намояндагии худро дошта, тавассути барнома ва лоиҳаҳо наздики 3 ҳазор нафарро бо ҷойи корӣ таъмин кардааст.

Ба сохтори АКДН агентиҳое шомиланд, ки дар самтҳои гуногун – рушди иқтисодии кишвар дар маҷмӯъ ва рушди деҳот, соҳаи маориф ва эҳёи фарҳанг, ҳамчунин бахши тандурустӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.