Доир ба хурофоту ривоятҳое, ки мардум аз солҳои пеш ҳамарӯза онҳоро мешунаванд ва боварӣ доранду аз рӯи онҳо амал мекунанд. Бархе дар асоси таҷрибаи ҳаёташон ба ин хурофоту ривоятҳо боварӣ ҳосил мекунанд, ки рӯйдодҳо аксар вақт дар шакли пешгӯишуда рух медиҳанд. Аммо ҳастанд нафароне, ки ба ин гуфтаҳо боварӣ надоранду инро танҳо як тахайюл ва эътиқод медонанд.
Имрӯз низ мебинем, ки мардум вақте сухан аз нохушие мегӯяд, ҳатман ривоят ё қиссаи даврони хеле кӯҳанро ба хотир меоранд, ки гузаштагони онҳо мегуфтанд. Чунин гуфтаҳо дар хонаводаҳои тоҷик хеле зиёд ба мушоҳида мерасад, ки риоя намудани онҳоро ҳатмӣ ва зарурӣ медонанд.
Дар хонаводаи оилаҳои тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷорӯбро ба девор рост намегузоранд, чун ба хонавода бадбахтӣ меорад.
Дар торикӣ чизи сафедро аз хона берун намекунанд, зеро оқибати хуб надорад ва аз ҳамин ҷост, ки мардуми деҳот агар баъди намози шом ба нафаре шир диҳанд, ҳатман болояш барги сабзе мегузоранд.
Агар дар пиёлаи чойи нафаре шаммаи калоне пайдо шавад, ҳатман мардуми мо хеста хонаро ҷоруб зада, хӯроки нағз мепазанд, зеро ба боваре ҳастанд, ки ҳатман он рӯз меҳмондор мешаванд.
Раваду кӯдак зиёд ғаш кунад ва гапнодаро бошад, бо пойафзоли амак ё тағояш 3-4 зарба ба пушташ мезананд ва бовар доранд, ки ин амалашон боиси гапгир шудани кӯдакашон мегардад.
Дар либоси кӯдак ҳатман муҳраи чашмӣ бояд духт ва либоси тагро чаппа пӯшид то аз чашми бад дур бошад.
Кӯдак агар ҷорӯбро гирифта хона ё ҳавли рӯбад, ба хона меҳмони хуб меояд.
Дар остонаи дар нишастан аломати хуб надорад, аз ҷумла барои зани шавҳардор. Агар дар остонаи дар нишинад, шавҳараш ҳамсари дигаре мегирад ё аз остонаи дар набояд салом кард, зеро меҳр байни инсонҳо кам мешавад.
Ҳамчунин, вақте бачаи ба балоғатрасида дар пойафзоли падар ё модараш сабзӣ гузорад, ин маънои онро дорад, ки ӯ ба издивоҷ омода аст ва аз волидон хоҳиш дорад, ки вайро оиладор кунанд.
Мегӯянд, шабона нигоҳ кардан дар оина чандон хуб нест. Оина метавонад нур ва қувваи шуморо ба худ бигирад ва агар дар хона ҳуштак кашӣ, даромади пулӣ кам мешавад.
Кордро ҳеҷ гоҳ ба тарафи нафари дигаре (бо шӯхии мебурамат) дароз кардан мумкин нест. Корд хун талаб мекунад.
Агар раваду корд аз даст афтад, гӯё мард ба хона меҳмон мешавад ва агар аз дастат чангча афтад, ҳатман мегӯянд, ки ба хона меҳмони зан меояд.
Ҳамакнун, зиёд мушоҳида мешавад, ки мегӯянд, агар зиёд бихандӣ, оқибат ба гиря табдил меёбад ё қайчиро ҳеҷ гоҳ боз нагузоред, ки дар хона ягдигарнофаҳмӣ рӯй медиҳад.
Баъд аз тӯйи арӯсӣ, арӯс ва домод бояд се рӯз аз хона берун нашаванд, чун агар берун шаванд, нохушие шояд болои онҳо биёяд. Ин анъана то ҳол дар Бадахшон риоя мешавад.
Баъди арӯсӣ агар дар хонаводаи домод мусибате рух диҳад, ҳатман арӯси бе пойу қадам гуфта таъна мезананд.
Духтарон ва кӯдакон шабона набояд дар зери дарахтон бе сарпӯш ё рӯймол бигарданд. Агар раваду барои иҷрои коре бе рӯймол шабона берун шуд, ба бовари мардум, ӯро ҷинҳо иҳота мекунанд, ки хубие надорад.
То синни яксолагӣ ба кӯдакон чеҳраи онҳоро дар оина нишон додан хуб нест. Яъне ба бовари мардум, баъди худро дар оина дидани кӯдак, ӯ бемор мешавад.
Бегоҳӣ ё шабона пул додан ба нафаре хосияти хуб надорад ва агар раваду хеле зарур аст, пулро бояд болои фарш гузошт ва корафтода маблағро худаш бояд бардорад.
Агар субҳ тирезаро калон кушода монӣ, ба хона баракат медарояд.
Ё зани чавон рӯймоли зани бевамондаро ба сар кунад, ӯ низ бева мешавад.
Духтар агар баъди хӯрдани хӯрок боқимонда хӯроки табақро ба пурагӣ тамом кунад, дар тӯяш борон меборад. Ё пиёлаи чойи гарм ногаҳон бирезад, ба хона меҳмони хуб меояд. Агар чойи хунук резад, меҳмони шумқадам аз дар медарояд.
Ба оинаи шикаста нигаристани зану шавҳар бадбахтӣ меорад. Ва ҳамсони инҳо кам нестанд хуруфоту аломатҳое, ки то имрӯз мардум аз иҷрои онҳо дурӣ меҷӯянд.


