Гузашти низомии сарҳадбонон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар назди маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки дар ҳифзи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар назди маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳалок шудаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузошт.

Сипас сарвари давлат зимни суханронии худ назди сарҳадбонон таъкид намуд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 25 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шаборӯзӣ ба як нерӯи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватан табдил ёфтанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки роҳбарияти давлату ҳукумат минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ, муҳиммоти ҷангӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ҷиҳати беҳсозии хизмати марзбонон ва шароити зисту рӯзгори онҳо тавсеа мебахшад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ доир гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...