Осеби муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Ленинград аз фурӯрезии зинаҳои чӯбӣ

Бар асари фурӯ рехтани зинаҳои чӯбӣ (опалубок) дар сохтмони истироҳатгоҳ ва автодроми "Игора -Драйв” дар ноҳияи Приозерйеи вилояти Ленинград 7 коргар зери чӯбу тахта монданд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, ҳамаи осебдидаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Ду нафари онҳоро бо чархболи "МЕДСПАС” ба бемористони вилоятии Ленинград ва 5 нафари дигарро ба бемористони клиникии Всеволожск интиқол […]

Akhbor.com

Бар асари фурӯ рехтани зинаҳои чӯбӣ (опалубок) дар сохтмони истироҳатгоҳ ва автодроми "Игора -Драйв” дар ноҳияи Приозерйеи вилояти Ленинград 7 коргар зери чӯбу тахта монданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, ҳамаи осебдидаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Ду нафари онҳоро бо чархболи "МЕДСПАС” ба бемористони вилоятии Ленинград ва 5 нафари дигарро ба бемористони клиникии Всеволожск интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, фоҷиа дар сохтмони истироҳатгоҳи "Игора” ва автодроми "Игора-Драйв” рӯзи 27 май, соати 12:25 рух додааст.

Ҳангоми адои корҳои сохтмонӣ зинаҳои чӯбӣ (опалубок) шикаста, фурӯ мерезад ва дар натиҷа мардикороне, ки дар ин сохтмон кор мекарданд, зери бори чӯб монданд.

Раёсати МЧС-и вилояти Ленинград барои амалиёти наҷот 46 наҷотбахш ва 20 мошину чархболро ҷалб кард ва алакай соати 12:40 ҳамаи 7 коргарро аз зери чӯб берун кашиданд. Ҳамаи онҳо зодагони Тоҷикистон будаанд. Ду нафар аз мардикорони осебдидаро тавассути чархболи МЕДСПАС ба бемористони вилоятии Ленинград интиқол дода, 5 тани дигарро дар бемористони клиникии байниноҳиявии Всеволожск хобондаанд.

Амалиёти наҷот, ба гуфтаи мақомоти МЧС, соати 16:15 ба анҷом расидааст.

Татяна Тюрина, сартабиби бемористони вилоятии Ленинград дар мусоҳиба бо ТВ "Мир” вазъи се нафар аз мардикорони тоҷики маҷруҳро вазнин номидааст: "Яке аз онҳоро сутунмуҳрааш шикастааст ва мағзи сараш ҷунбидааст. Дуюмӣ ҳам сутунмуҳрааш шикастааст ва ҳам устухони миёнаш. Ва ҳамин чанде пеш маҷруҳи сеюмро оварданд, ки дар вазъи ташвишоваре қарор дорад ва ба ин хотир, ӯро бидуни ташхис рост ба шуъбаи ҷарроҳӣ бурданд.”

Дар робита ба ҷароҳат бардоштани 7 коргар дар маҳалли сохтмони автодроми "Игора-Драйв” раёсати тафтишоти вилояти Ленинград тафтишро оғоз карда, як гуруҳи муфаттишонро ба ҷои ҳодиса фиристодааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.