Шаби рӯзи сешанбе, 28 май Муҳаббат Охунова, модари сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар синни 90-солагӣ аз олам даргузашт.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, субҳи имрӯз ҷасади Муҳаббат Охунова дар оромгоҳи зодгоҳаш Хистеварз ба хок супурда шуд.
Муҳаббат Охунова ахиран бемори бистарӣ буд. Ӯ омӯзгор буда, муддати тамоми фаъолияти кориаш дар мактаби Хистеварз ба толибилмон дарс мегуфт.
Тибқи маълумоти ВАО, мувофиқи васияташ, ҷасади ӯ дар канори фарзанди дигараш Абдувалӣ Назиров, ки 4 сол пеш вафот карда буд, гӯронида шуд.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил металабанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


