Рӯзи ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад, аммо ҳуқуқи онҳо поймол

Date:

– Ҳар рӯз 50 сомонӣ ҷамъ мекунаму ба модарам мебарам. Ин пулро дар хонае, ки иҷора мешинем, месупорем, – мегӯяд духтарчаи нуҳсолае, ки дар қабулгоҳи таҳвилгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад.

Ӯ нуҳ сол дорад вале ба мактаб намеравад.

Ӯ сабаби талбандагиашро дар надоштани иҷорапулӣ мегӯяд.

Ӯ дар як хона бо модару хоҳар ва бародараш зиндагӣ мекунад.

Нозанин дар вақти суҳбат хеле орому шармгин менамуд ва ба суолҳои дода низ посух намедод. Ин кӯдак даромади якрӯзаи худро 50 сомонӣ арзёбӣ мекард ва илова кард, ки бародару хоҳараш ба таҳсил фаро гирифта шуда, талбандагӣ намекунанд. Ӯ рӯзи дуюм дар қабулгоҳ аст (вохӯриву суҳбати мо рӯзи 29 май буд) ва модарашро интизор буд, ки омада ӯро мебарад. Кормандони қабулгоҳи таҳвилгоҳи ноболиғон ӯро бо сабаби ба талбандагӣ машғул буданаш дар вақти рейд дастгир намудаанд. Тарзи “кор” карданашро ноболиғ чунин арзёбӣ кард:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар назди чароғаки Гулистон аз мардум пул ҷамъ мекунам. Яке 10 сомонӣ дигаре 20 сомонӣ медиҳад ва илоҷе карда ҳамарӯза 50 сомонӣ ҷамъ карда ба модарам мебарам. 

Мутаассифона, ба монанди ин ноболиғ кам нестанд кӯдаконе, ки барои таъмини рӯзгор дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳр ба талбандагӣ, оворагардӣ ва дигар корҳои сиёҳ даст мезананд. Вале бештари онҳо мегӯянд зиндагии вазнини оилавӣ онҳоро водор намудаст ба ин кор машғул шаванд.

Тибқи иттилои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар чор моҳи соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 6696 (2018 – 6325) нафар ноболиғ барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон муайян ва дастгир гардида, ба ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интиқол шудаанд.

Тавре Фатоҳзода Абдусаттор Абдуқоҳир, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, ба “Азия-Плюс” гуфт: “Кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон дар чор моҳ 2188 маротиба рейд ва амалиётҳои муштарак таҳти номгӯи шартии “Наврас”, “Оворагард” ва “Талбанда” гузаронидаанд.

Дар натиҷа 1936 (2018 – 1707) нафар наврасону ноболиғон – барои оворагардӣ, (2018 – 232), 298 – талбандагӣ (2018 – 183), 235 – кашидани бор дар бозорҳо (2018 – 4), 4 – фоҳишагарӣ (2018-18), 10 – истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва бо дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дастгир гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ бештар наврасону ноболиғон аз оилаҳои носолим ё фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар парастории наздикони худ мебошанд, даст мезананд.

Ҳамроҳзода Баҳодур сардори қабулгоҳи таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД зиёд шудани оворагардӣ ва талбандагиро дар байни ноболиғон хеле нигаронкунанда арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки ин амалҳо дар рейдҳои гузаронидаи онҳо мушоҳида мешавад ва бештари вақт ноболиғон номи худро нодуруст мегӯянд.  

Номбурда илова кард:

– Дар чор моҳ ба қабулгоҳи таҳвилгоҳи ноболиғон 149 ноболиғ оварда шуд, ки дар вақти гузаронидани рейдҳо аз кӯчаҳо дастгир гардидаанд. Аз ҳама ташвишовар талбандагӣ ва оворагардии наврасону ноболиғон аст, ки дар ин муддат 23 нафар ба талбандагӣ, 61 нафар ба оворагардӣ машғул буда ва 16 нафар беназорат дар хиёбонҳо дастгир шудаанд. Ҳамчунин бо дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ наврасону ноболиғон ба қабулгоҳ оварда шуда, баъдан ба хонаводаашон супорида мешаванд.

Навраси дигар 16 сол дошт ва нахост номашро гӯяд . Ба гуфтаи ӯ, аз шаҳри Роғун барои тамошои Душанбе омадааст. Аз сабаби кам омадан ба пойтахт дар хиёбони шаҳр роҳгум мезанад. Ин наврас дар синфи 11 дар яке аз мактабҳои шаҳри Роғун таҳсил мекунад ва мегӯяд, фардо волидонаш ӯро ба хона мебаранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо худро оворагард ва талбанда намеҳисобад. Дар соати 12-и шаб танҳо дар хиёбони пойтахт гаштанашро дар надонистани роҳ медонаду халос. Ин наврас дар пойтахт касеро намешиносад ва аз хешовандонаш низ инҷо касе зиндагӣ намекунанд.  

Кормандони қабулгоҳи таҳвилгоҳи ноболиғон иброз намуданд, ки ҳамарӯза ноболиғони дастгиршударо ба волидон ё наздиконашон месупоранд, аммо боз аз беаҳамиятии падару модар кӯдакон ба ин амал даст мезананд, ки ташвишовар аст.

Коршиносон ба ин назаранд, ки волидон ҳуқуқи фарзандони худро поймол мекунанд ва дар хиёбонҳо бесаробон мегузоранд, бо ин амал фикр мекунанд, ки сатҳи зиндагиашон беҳ мешавад. Аммо ин аз иштибоҳе беш нест. Ба гуфтаи коршиносон ва собиқадорон, агар волидон ҳуқуқи фарзандони худро поймол кунанд, ин ба рӯҳияи минбаъда ва зиндагии онҳо дар оянда таъсири манфӣ мерасонад. Пеш аз ҳама, кӯдак худро таҳқиршудаву ҳақир эҳсос мекунад, ки ин омил ҳатто ба инкишофи ҷисмонии ӯ монеъ мешавад. Кӯдак низ монанди дигар шаҳрвандон ҳуқуқи худро дорад, ки он бояд аз ҷониби касе поймол карда нашавад, бахусус аз ҷониби волидайн.

Ёдрас бояд шуд, ки Рӯзи ҳифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 дар иҷлосияи байналмилалии федератсияи демократии занон таъсис ёфтааст. Онро аввалин маротиба соли 1950 ҷашн гирифтаанд. Ин рӯз барои кӯдакон на танҳо ҷашн аст, балки ба калонсолон хотиррасон мекунад, ки то кадом андоза кӯдакон ба навозиш ва муҳофизати онҳо ниёз доранд. Рӯзи ҳифзи кӯдакон рӯзи ҷалби таваҷҷуҳи афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза ва ҳимояи кӯдакон аз таҳдидҳои ҷанг, ҳифзи саломатии кӯдакон, таълим ва тарбияи онҳо дар фазои демократӣ мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...